Тоҷикистон расман иҷозат дод, ки Марямро аз Ироқ биёранд

Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иҷоза дарёфт карда, ки Марям Шоева, тоҷикдухтари даҳсоларо аз Бағдод ба Душанбе бибарад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Кумитаи байалмилалии Салиби Сурхро расман иҷоза дода, ки Марям Шоеваро аз паноҳгоҳе дар Бағдод ба Душанбе бибарад.​

"Кормандони Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар поёни ҳафтаи гузашта дидору гуфтугӯ карда буданд. Дар ин дидор ВУХ Тоҷикистон расман иҷоза дод, ки кормандони КБСС санаду мадорики лозимро таҳия карда ва он кӯдакро ба хонааш назди падарбузургаш бар гардонанд", — гуфтаанд дар ВУХ ҶТ ба хабаргузории РИА Новости.

Фақат шуморо ёд кардам: пайвандони Марям ёфт шуданд, ӯ бобояшро дид ва суҳбат кард

Ҷустуҷӯи хешовандони кӯдакони ҷангзада дар Ироқ пас аз гузориши шабакаи телевизюнии Russia Today аз паноҳгоҳе дар Бағдод оғоз шуд. Ин бунгоҳ хабар дода буд, ки яке аз кӯдакон дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфта буд, ки падараш тоҷик аст.

Ду кӯдак низ ба забони тоҷикӣ гуфтугӯ мекарданд, вале ҳеч иттилоъе аз шаҳрванди кадом кишвар будани падару модарашон надоштанд. Ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон имкон надоштанд бо ниҳодҳои ҳукуматии ироқӣ тамос барқарор кунанд, аз ин рӯ бо сафорати Русия дар Ироқ ҳамкорӣ мекунанд то ҳувияти кӯдакони тоҷикро шиносоӣ кунанд. Ниҳодҳои расмии Русия низ аз Тоҷикистон дархост кардаанд дар шиносоии ҳувияти се кӯдаке, ки дар яке аз паноҳгоҳҳои Бағдод будубош доранд, ёрӣ ва ҳамкорӣ кунад.

Сухангӯи Вазорати умури дохилии ҶТ Умарҷон Эмомалӣ гуфта буд, ки ин кӯдаконро дар паи озодсозии шаҳри Мавсил аз ҷангҷӯёни гурӯҳи теруристии "Давлати исломӣ" ба пойтахти Ироқ бурда будаанд.

Марям: танҳо ду бародари модарамро мешиносам, ки яке дар Сурия ва дигаре дар Душанбе аст

Дертар ин вазорат хабар дод, ки падарбузурги Марям – Муҳаммадраҳим Шоевро дар яке аз рустоҳои наздик ба Душанбе пайдо кардаанд. Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки Марям фарзанди Ҷамолиддин Шоев ном бошандаи 37-солаи Ҳисор аст, ки соли 2004 ҳамроҳ бо ҳамсару чаҳор фарзандаш ба Миср рафта буд ва онҷо улуми диниро таҳсил мекард. Ин хонавода дар соли 2015 ба Тоҷикистон бар гашт, вале чанде пас Ҷамолиддин гуфта, ки ба Миср бар мегардад.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон пештар иттилоъ дода буд, ки беш аз 1200 шаҳрванди кишвар дар ҷангҳои "Давлати исломӣ" бо давлатҳои Сурия ва Ироқ даст доранд ва беш аз 200 кӯдак низ ҳамроҳ бо онҳо дар он кишварҳо ҳастанд.