Тоҷикистон аз Русия хост музокиротро ба таърих гузорад

Ҳукумати Тоҷикистон гуфта, ки рӯзи аниқи музокиротро на пештар аз 4-5 апрел муайян мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати нақлиёти Русия дар бораи рӯзи 1 апрел ба итмом расидани иҷозатномаи ширкати "Сомон Эйр" барои парвоз дар масири Хуҷанд-Маскав дарёфт кардааст ва хостааст рӯзи музокиротро ба таъхир гузоранд, хабар дод муовини мудири Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон Азиз Набизода.

"Мо дар бораи ин маълумот гирифтем ва аз ҷониби Русияро хоҳиш кардем, ки рӯзи музокиротро ба дигар таърих гузаронад. Гап сари ин, ки аз 21 то 26 март дар Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Наврӯз рӯзҳои истироҳатӣ буд ва мо барои омода шудан вақти кофӣ надоштем…. Таърихи аниқи парвози намояндагони Тоҷикистонр мо пас аз музокирот бо ҳукумати кишвар, ки на пештар аз 4-5 апрел сурат мепазирад, хоҳем гуфт", — гуфт Набизода дар суҳбат бо РИА Новости.

"Ҷанги ҳавоӣ": Русия аз Тоҷикистон мехоҳад то 5 апрел тасмимашро бигирад

Ба гуфти ӯ ҳайъати Тоҷикистон нақша дошт, пас аз рӯзҳои истироҳатӣ, рӯзи 27 март ба Русия парвоз кунад, вале "чанд мушкилоти ташкилотӣ дар оҷонсӣ имкон надод".

Пештар Вазорати нақлиёти Русия хабар дод, ки ҷониби Тоҷикистонро дар бораи рӯзи 1 апрел ба итмом расидани иҷозатномаи ширкати "Сомон Эйр" барои парвоз дар масири Хуҷанд-Маскав огоҳ карлдааст.

Намояндаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ки ҷониби Русия боз мехоҳад музокиротро дар Маскав баргузор кунад, дар ҳоле, ки музокироти охирин дар Душанбе то 1 апрели соли 2018 баргузор шудааст.

Пеш аз ин намояндаи Вазорати таробарии Русия гуфта буд, ки Тоҷикистон қарордодҳои байналмилалиро нақз карда ва бе иттилоърасонӣ ба ширкатҳои мусофирбарии русӣ, парвозҳо дар масири Перм – Душанберо иҷоза надода ва ҳамчунин дархости анҷоми паврозҳо дар масирҳои Краснодар – Хуҷанд, Челябинск – Душанбе ва Жуковский – Кӯлобро ҳам таъйид накардааст.

Ба гуфти вай, Русия ин ҳаққро барои худ нигаҳ дошта, ки бо Тоҷикистон муомила ба мисл кунад.