ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Дирӯз, 26 март дар маркази шаҳри Исфара Бозори фурӯши мол ва маҳсулоти истеҳсоли Узбакистон расман ба фаъолият шурӯъ кард. Дар ин бора дафтари матбуотии раиси шаҳри Исфара гузориш медиҳад.
Гуфта мешавад, ки бозори мазкур дар асоси қарори ҷаласаи машваратии назди иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Исфара Сиҷоуддин Саломзода ба хотири таъмини фаровонии бозори дохилӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои ба соҳибкорону тоҷирони кишвари ҳамсоя, ки бо маҳсулоти босифату нисбатан арзон вориди шаҳр мегарданд, ифтитоҳ гардид.
Бозори фурӯши мол ва маҳсулоти истеҳсоли Узбакистон доимоамалкунанда буда, дар қитъаи алоҳидаи бозори "Навбаҳор", воқеъ дар гардишгоҳи маҳаллаи "Баҳор"-и маркази шаҳр таъсис дода шудааст.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Исфара Сиҷоуддин Саломзода зимни боздид ва суҳбату мулоқот бо тоҷирони кишвари ҳамсоя ба масъулини сохторҳои марбута ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои ободонии бозор ва беҳдошти фаъолияти иншоотҳои хизматрасонӣ, инчунин ба роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва будубоши бемамонияти соҳибкорону тоҷирони кишвари ҳамсоя дастурҳои мушаххас дод.
Тавре зимни боздиду мулоқот бо тоҷирону хардорони маҳаллӣ маълум гардид, аз фароҳам сохтани чунин як шароити созгор на танҳо сокинони ноҳияҳои ҳамсарҳади ҷумҳурии ҳамсоя, ки ба бозори Исфара молу маҳсулот ворид намудаанд, балки сокинони шаҳр низ хурсанду қаноатманд гардидаанд.