Оё нишасти С5+1 дар Тошканд сулҳро ба Афғонистон меорад?

Дар ин нишаст вазирони умури хориҷии Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон ширкат мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон имрӯз дар шаҳри Тошканд нахустин нишаст дар чорчӯби "С5+1" ё "кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон"-ро баргузор мекунанд.

Ин нишаст дар остонаи ҳамоиши байналмилалӣ дар масоили Афғонистон "Раванди сулҳ, ҳамкориҳои амниятӣ ва минтақаӣ" барпо мешавад.

Вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар моҳи декабри соли 2017 дар Ишқобод аз баргузории ин нишаст дар чорчӯби нав пуштибонӣ карда буданд.

Сергей Лавров дар ҳамоиши баррасии масоили Афғонистон дар Тошканд ширкат мекунад

Вазорати умури хориҷии Узбакистон, ки мизбони ин нишаст аст, иттилоъ дода, ки дар он вазрони умури хориҷии Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва мудирони Маркази минтақаии СММ барои диплумосии пешгирона дар Осиёи Марказӣ (United Nations Regional Centre for Preventive Diplomacy in Central Asia) ва намояндагони Ҳайъати мусоидати Созмони милали муттаҳид барои Афғонистон (UNAMA) ширкат хоҳанд кард.

Қарор аст, ки вазирон дар ин нишаст масоили таъмини амният дар минтақа, густариши равобити сиёсӣ, иқтисодиву тиҷорӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва ҳуманиторӣ, равандҳои ҳамгароии минтақаӣ, дурнамои роҳандозии роҳгузарҳои таробарии фаромиллӣ ва дигар мавзуъҳоро баррасӣ кунанд.

"Ин чорчӯб бояд заминаи муносибе барои баррасии ҳама масоили минтақаӣ ва чораҷӯӣ барои таъмини сулҳу рушди пойдор дар минтақа ва Афғонистон бо пуштибонии Созмони милали муттаҳид шавад", — гуфта мешавад дар иттилоъияи ВУХ Узбакистон.

Вазирони умури хориҷии кишварҳои ОМ ва Афғонистон дар назар доранд дар поёни ин нишаст баёнияи муштаракеро имзо кунанд, ки дар он тавофуқот барои баргузории нишасту дигар тамосҳо миёни давлатҳои ин кишварҳо дар сутуҳи гуногун дарҷ шудаанд.

Ҳамоиши байналмилалӣ дар масоили Афғонистон 27 март баргузор мешавад. Қарор аст, вазирони умури хориҷаи Туркия, Чин, Покистон, Русия, Олмон, Англия, Ҳинд, Эрон, Амрико, Итолиё, Фаронса, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Арабистони Саудӣ низ дар он ҳамоиш ҳузур ёбанд.

Дар ин ҳамоиш ҳамчунин Антониу Гутерреш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Тадамичӣ Ямамото, фиристодаи вижаи ин созмон барои Афғонистон, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Урупо Федерико Могирини ва муовини сиёсии вазири хориҷаи Амрико Томас Шеннен  низ ширкат хоҳанд кард.

Ҳайъати расмии Русия дар нишаст бо раҳбарии вазири умури хориҷа Сергей Лавров ҳузур хоҳад дошт.