Ҳунарнамоии Хайём Хаёлбеков ва Чоршанбе Аловатов дар Маскав

Овозхонони ҷавон Хайём Хаёлбеков ва Чоршанбе Аловатов нахустин консерти худро дар Маскав баргузор карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Консерти овозхонҳои ҷавон Хайём Хаёлбеков ва Чоршанбе Аловатов писари сарояндаи номдори Тоҷикистон Ақназар Аловатов дар Кохи фарҳанги шаҳри Маскав, 24 март баргузор шуд.

Ин барномаи ҳунарӣ ба муносибати ҷашни Наврӯз пешкаши ҳаводорони созу суруд карда шудааст.

Ин нахустин консерти овозхонҳои ҷавон Хайём Хаёлбеков ва Чоршанбе Аловатов дар  саҳнаи бузург дар шаҳри Маскав мебошад.

Хаёлбеков дар ин консерт сурудҳои "Чашмонсиёҳ", "Дар ишқи яздон", "Нозукбадан", "Шоҳмуборак", "Ба ҳаққи шоҳи мардон", "Шохи гул", "Лабҳои сард", "Фасли баҳор", "Рамида", "Санамо", "Май дар соғар андозем", "Ошиқам", Хайём-ро иҷро кардааст.

Хайём Хаёлбеков ҳадаф дорад гурӯҳи худро ташкил кунаду олами мусиқии Тоҷикистонро бо овозхонии зинда тасхир кунад.

Консерт дар Маскав бо даъвати ҷавонони тоҷик сурат гирифтааст ва Хайём аз дастгирии дӯстонаш беҳад шод аст.

Аз гараж ба саҳна: Хайём Хаёлбеков намехоҳад ба Муборакшо монанд бошад

"Дар ташкилкунии консерти Маскав, ки чанд руз аст ин ҷоем, мо то имрӯз ягон камбудӣ надидем, мо ҳамроҳ бо гурӯҳи навозандагон 9 кас ҳастем ва баргузоркунандагони ин консерт тамоми шароитро барои мо мухаё кардаанд", — гуфт Хайём Хаёлбеков дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Хайём Хаёлбеков 23 майи соли 1990 дар нохияи Ишкошими ВМКБ  ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро дар шаҳри  Душанбе хатм кардааст. Донишомӯхтаи бахши муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия мебошад. Дар айни замон Хайём дар Аввалин Бонки Молиявии Хурд шаҳри Душанбе фаьолият мекунаду дар фурсати холӣ ба эҷоди мусиқӣ машғул мешавад.