Дар чорчӯби ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари ширкати "Боинг" мулоқот кард.
Дар мулоқот оид ба имкони рушди ҳамкориҳои судманд бо ин ширкати ҷаҳонӣ дар соҳаи нақлиёт, мусофиркашонӣ, беҳдошти парки нақлиётӣ дар Тоҷикистон ва бо ин роҳ беҳтар кардани сатҳи хизматрасонии ширкатҳои мусофиркашонии ҳавоӣ, табодули андеша карда шуд.
Ҳамчунин 21 марти соли 2018 дар Ню-Йорк дар ҳошияи кушодашавии чорабинӣ бахшида ба Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот кард.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар масъалаи истифодаи самараноки обу энергетика ба манфиати мардуми Тоҷикистон ва минтақа, инчунин "Энергияи устувор барои ҳама" муҳокима карда шуд.
Дар баробари ин Нимаи дуюми рӯзи 22 марти соли 2018 дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ниҳоди "СММ-Об" Ҷилберт Хунгбо дидору мулоқот карда буд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар чорабинии "Дар ҷустуҷӯи ҳамбастагӣ байни энергия ва об: Синергия байни Ҳадафҳои шашум ва ҳафтуми рушди устувор" гуфт, ки ҶТ ҳамеша омодагии хешро барои ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя, дар самти истифодаи обу энергетика ба манфиати кулли кишварҳои минтақа изҳор медорад.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар зиёфати хоссаи "Амалҳои афзалиятнок дар соҳаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ дар чорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" солҳои 2018-2028" суханронӣ кард.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки офатҳои табиӣ ба монанди обхезӣ, сел, тармафароӣ ва ярч ҳамасола ба аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар хисороти зиёд ворид мекунанд.
Тайи 5-6 соли охир шиддатнокии офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон тақрибан 25 фоиз зиёд шудааст.
Дар ин давра бар асари офатҳои табиии гуногун тақрибан 200 нафар ба ҳалокат расида, шароити мусоиди зиндагии зиёда аз 100 ҳазор нафар таҳти хатар монд ва маблағи умумии талафот аз 600 миллион доллари ШМА зиёд гардид.