Пирӯзии "Ректор" дар сабқати пойгаи Суғд

Ҷойи аввалро дар сабқати вилоятии пойга аспи Шукрулло Усмонов бо номи "Ректор" соҳиб шуд. Ҷойҳои дуюму сеюмро аспҳои Муъминҷон Ҳоҷибоев ва Олимбек Юлдошзода бо номҳои "Достон" ва "Вазир" гирифтанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Дирӯз ба муносибати иди Наврӯз дар ипподроми Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мусобиқаҳои пойга ва бузкашӣ баргузор шудааст, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.

Ба гузориши манбаъ, пеш аз оғози мусобиқаҳои варзишӣ раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода суханронӣ намуда, кулли тамошобинон ва ҳаводорони бозиҳои миллиро ба муносибати фарорасии Наврӯз табрик гуфтааст.

Идомаи "Шоми дӯстӣ": рӯшанфикрони Суғд Наврӯзро бо Мирзиёев таҷлил карданд

Иттилоъ дода шудааст, ки имрӯзҳо дар вилоят 8400 сар асп парвариш карда мешавад ва гузаронидани мусобиқаҳои варзишии пойга ва бузкашӣ дар остонаи Наврӯз ба ҳукми анъана даромадааст.

Мусобиқаи варзишии пойга дар ҳашт давр ҷараён гирифтааст.

"Ҷойи аввалро аспи Шукрулло Усмонов бо номи "Ректор" соҳиб шуд. Ҷойҳои дуюму сеюмро аспҳои Муъминҷон Ҳоҷибоев ва Олимбек Юлдошзода бо номҳои "Достон" ва "Вазир" соҳиб гардиданд", — омадааст дар хабарнома.

Ба ғолибони мусобиқаи пойга аз ҷониби раиси вилоят мукофотпулиҳо дар ҳаҷми аз ҳазор то се ҳазор сомонӣ супорида шудааст.

Дар ин рӯз ҳамчунин мусобиқаи бузкашӣ баргузор гардид,ааст ки дар он паҳлавонон аз тамоми навоҳии вилоят қувваозмоӣ кардаанд.