Ҷӯрабек Муродов меҳмонони Самарқандро бо ҳунарнамоияш тасхир кард

Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шуравӣ Ҷӯрабек Муродов дар ҷашни Наврӯзи Самарқанд ҳунарнамоӣ карда меҳмонони ин шаҳрро бо ҳунарнамоияш тасхир кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Рӯшанфикрони вилояти Суғд ҷашни Наврӯзро ҳамроҳи раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Самарқанд таҷлил кардаанд, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.

Дар баробари ҳунарманди тоҷик Ҷӯрабек Муродов дар ҳайъати Тоҷикистон дигар рғшанфикрони вилояти Суғд ҳам ба шаҳри Самарқанд сафар кардаанд.

"Шеърхонии шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ ва бахусус ҳунарнамоии аҳли фарҳангу ҳунари тоҷик Ҷӯрабек Муродов ва Насиба Узоқова на танҳо аҳли ҳунару санъати Самарқанд, балки меҳмонони хориҷиро низ тасхир намудааст", — омадааст дар хабарнома.

Идомаи "Шоми дӯстӣ": рӯшанфикрони Суғд Наврӯзро бо Мирзиёев таҷлил карданд

Рӯзи 21 март тантанаҳои Наврӯзӣ бо ширкати раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Алишери Навоӣ ҷараён гирифтааст.

Ҳайати намояндагони вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо ҳайати олимони узбек нахуст ҳамчун рамзи эҳтиром ба пояи муҷассамаи шоири бузурги тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ ва сардафтари адабиёти узбек Алишер Навоӣ гулдастаи тару тоза гузоштаанд.

Шавкат Мирзиёев зимни суханронии худ дар бораи хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар рушди муносибатҳои дуҷониба, ташаббусҳои чаҳонӣ, истиқболи бародарона ва гарми раисҷумҳури Тоҷикистон ва мардуми тоҷик бо меҳри зиёд сухан гуфтааст.

Намояндаи вилоят Ҷамшед Ҷӯразода паёми табрикии ҷониби Тоҷикистонро ба мардуми кишвари Узбакистон расонида, аз номи аҳли зиёи Тоҷикистон ба сарвари ҳар ду давлат барои сиёсати созанда, изҳори сипос намудааст.

Пештар хабар дода шуд, ки Ҷӯрабек Муродов дар консерти "Шоми дӯстӣ", ки рӯзи 9 март дар "Кохи Борбад" шаҳри Душанбе баргузор шуд, таронаи "Замон, замони мост" (Замон биздики)-ро ҳамроҳ бо ҳунарманди маъруфи Узбакистон Шералӣ Ҷӯраев бо ду забон иҷро карданд. Ба истиқболи ин тарона ва ду ҳунарманди дӯст тамоми толор аз ҷой хеста кафкӯбӣ карданд.