Марадона фаворитҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018-ро гуфт

Ба гуфти футболбози пешини мунтахаби Аргентина Диего Марадона фаворитҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 мунтахабҳои Испаниё ва Олмон мебошанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Футболбози пешини аргентинӣ Диего Марадона бар ин аст, ки мунтахабҳои Испаниё ва Олмон дар Ҷоми ҷаҳонии футболи 2018 фаворит ҳастанд, вале Фаронса чунин мақомро надорад.

"Мунтахаби Фаронса-тими хуб аст дар ин даста бозигарони боқувват чун (Пол) Погба бозӣ мекунанд, вале ин тим фаворити Ҷоми ҷаҳон нест,- гуфтааст қаҳрамони ҷаҳони соли 1986 Марадона дар суҳбат ба rmcsport. Хуб мешуд агар ба ин даста (Франк) Рибери (ки пештар дар дастаи миллӣ бозӣ мекард) бозгардад. Барои ман фаворитҳои Ҷоми ҷаҳони футбол-Испаниё ва Олмон ҳастанд".

Ҷоми ҷаҳонии футбол ба шаҳри Душанбе расид

Ҷоми ҷаҳони футбол бори нахуст аз 14 июн то 15 июли соли 2018 дар Русия дар 12 майдони футболи 11 шаҳри ин кишвар баргузор мешавад.

Маълумоти пурраро дар бораи Ҷоми ҷаҳони футбол 2018 дар тарҳи вижаи FIFA-2018 метавонед дарёфт кунед.

Пештар мудири Раёсати баргузории мусобиқот ва чорабиниҳои Созмон Колин Смит эълом дошт, ФИФА аз фурӯши чиптаҳо барои ҶҶ-2018, ки имсол дар Русия баргузор хоҳад шуд, қаноатманд аст.

"Мо аз чӣ тавр ба фурӯш рафтани чиптаҳо хеле розием. Ду миллион чипта! Замоне, ки мо фурӯшро бо тартиби навбати зинда шурӯъ намудем, дидем, ки дар як шабонарӯз 350 ҳазор чипта фурӯхта шудааст. Мо умедворем, ки он сатҳи баланди фурӯше, ки нишон дода шудааст, то лаҳзаи ба фурӯш рафтани ҳамаи чиптаҳо, паст намешавад", — шарҳ дод ӯ ва илова кард, ки дар шаҳри Екатеринбург чиптаҳо барои ҳамаи бозиҳое, ки дар он ҷо баргузор хоҳанд шуд, хуб ба савдо рафта истодааст.