Ду соли зиндон барои ҳамдастони роҳандозони муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Русия

Намояндагони Думаи Маскав пешниҳод дорад, ки дар Русия на танҳо роҳандозони муҳоҷирати ғайриқонунӣ, балки ҳамдастони онҳо низ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Дар Русия пешниҳод кардаанд, ки ба ҳамдастони ташкилкунандагони муҳоҷирати ғайриқонунӣ муҳлати зиндонӣ дода шавад, бо чунин ташаббус дар Думаи шаҳри Маскав баромад карданд, хабар медиҳад Коммерсант.

Ҳамин тавр, намояндагони Русия пешниҳод мекунанд, ки на танҳо ташкилкунандагони муҳоҷирати ғайриқонунӣ, балки ҳамдастони онҳо низ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Дар ин ҳолат, ба вайронкунандагони қонунгузории Русия ҷарима дар ҳаҷми то 80 ҳазор рубли русӣ ё корҳои маҷбурӣ, ва ё маҳрум шудан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол, таҳдид мекунад.

Коршинос сабаби ба Русия муҳоҷират кардани тоҷиконро гуфт

Чӣ тавре ки нашрия хотирнишон мекунад, алъон ба ташкилкунандагони муҳоҷирати ғайриқонунӣ мӯҳлати панҷ соли зиндон таҳдид мекунад, вале агар муҳоҷир қасдан "бо ҳадафи содир кардани ҷиноят" вориди кишвар шавад, ин мӯҳлат то ба ҳафт сол мерасад.

Пештар Думаи давлатии Русия дар хониши аввали худ тарҳи қонуни давлатиеро пазируфт, ки тибқи он ба сабтиноми муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрванд, муқараррот ворид карда мешавад.

Мувофиқи ин тарҳи қонун, маҳалли зист дар Русия манзиле ба шумор меравад, ки макони иқомат ё бинои дигаре набуда, балки маконе ба шумор меравад, ки муҳоҷир дар он ҳаёти воқеъӣ дорад. 

Пешбинӣ мешавад, ки муҳоҷир дар сурати ҳузур доштан дар ҷои зист, бояд дар он ҷо сабтином шавад. Инчунин пешниҳод мегардад, ки рӯйхати суроғаҳоеро, ки муҳоҷир дар онҳо имкони сабтином шудан дорад, ба санади асосӣ васл карда шавад.