Духтаре, ки барои Раҳмон суруд хонд: саргузашти Меҳрона Ғайбуллоева

Меҳрона Ғайбуллоева, довталаби тоҷикистонӣ дар озмуни овозхонии "Ту беҳтаринӣ!", дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон аз кӯдакӣ, овозхонҳои дӯстдошта ва арзёбии Эмомалӣ Раҳмон аз ҳунарнамоиаш ёд кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik, Илона Ярош. Имрӯзҳо Меҳрона барои ширкат дар даври чаҳорякниҳоии озмуни овозхонии "Ту беҳтаринӣ!" омода мешавад.

Вай ин рӯзҳо дар Маскав машғул ба тамрин аст ва ҳатто ҳангоми гуфтугӯ бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар ҳар дақиқаи озод суруд мехонад.

Меҳрона ва мусиқӣ

Меҳрона духтарест шӯхчашм, хушовоз ва хушхӯ. Чун дигар тоҷикдухтарон шарму ҳаё дорад, аммо замоне, ки аз оҳангу мусиқӣ сухан мегӯяд, чашмонаш оташ мегиранд.

"Мусиқиро бисёр дӯст медорам. Ҷуз аз он дигар саргармие надорам. Бо мусиқӣ бедор мешавам, бо мусиқӣ хоб меравам. Бегумон ҳама умрамро бо мусиқӣ пайванд хоҳам зад", — мегӯяд ин духтари навҷавон.

Ман ӯро кайҳо бахшидаам: холаи Меҳрона гуфт, ки миёни онҳо чи мушкиле буд

Ин ишқ ба мусиқиро аз хурдсолӣ дорад: ӯ замоне, ки худ кӯдак буд, барои хоҳари навзодаш аллаву лолоӣ мехонд ва дар оҳанги таронаҳои маъруф мерақсид. Дар ин ҳама сол ӯ барои худ намунаҳое дар миёни ҳунарпешаҳо интихоб кардааст. Овозхонҳои дӯстдоштааш Полина Гагарина ва Ани Лорак ҳастанд. Аз ҳунарпешаҳои мард бештар Александр Ревваро меписандад, ки бо номи Артур Пирожков овозхонӣ мекунад.

"Агар ман онҳоро боре дучор мешудам ва ё бо онҳо ҳамсароӣ мекардам, аз шодиву шигифтӣ беҳуш меуфтодам. Ҳангоме, ки доварони озмуни "Ту беҳтаринӣ!" гуфтандам, ки овозхониям монанд ба Полина Гагарина аст, шодияро андозаву канор набуд. Худо бихоҳаду ба даври ниҳоӣ роҳ биёбам, шояд бо кадоме аз онҳо ҳамсароӣ ҳам кунам", — мегӯяд Меҳрона бо лабханд.

Дидори Меҳрона бо раисҷумҳури Тоҷикистон

Меҳрона 17-сола аст. Модараш 10 сол пеш аз ин дар гузаштаву падараш солҳо пеш хонаводаро раҳо кардаву рафтааст. Ӯ бо хоҳараш хонаеро дар Душанбе иҷора гирифтаанд. Шаш моҳ пеш онҳо аз хонаи холаашон, ки сарпарастияшонро бар уҳда дорад, рафтаанд. Меҳрона ҳамзамон таҳсил ва кор мекард то ҳазинаи зиндагии худу хоҳарашро пардохт кунад.

"Ростиро бигӯям, ҳамзамон таҳсилу кор кардан бисёр душвор аст, вале ман аз ҳар фурсате истифода мекунам", — мегӯяд вай.

Вале Меҳрона ҳамеша сарпараст надошта ва чанд замонеро дар интернат ҳам ба сар бурдааст. Ин давронро вай бо лабханд ба ёд меоварад.

"Боре раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз интернатамон боздид карда буд. Ман барояш сурудеро хонда будам. Раисҷумҳур бо лабханд аз ман ситоиш карду гуфт, ки духтараки хубе ҳастам", — ба ёд меорад Меҳрона он дидорро.

Нозанине бо овози пурра: доварони озмуни "Ту беҳтаринӣ!" дар бораи Меҳрона

Вай бо хушнудӣ кӯдакиҳояшро ба ёд меорад. Мегӯяд, ки ҳамеша падару модарашро ёд мекунаду дилаш барояшон танг шудааст.

"Замоне буд, ки падару модарам ҳар рӯз шириниҳои гуногуне хона меоварданд, тасаввур мекунед? Мо дар кӯдакӣ гурбачае доштем, ки ҳар рӯз бо он бозӣ мекардем. Он рӯзҳо аз беҳтарину хушбахттарин рӯзҳо дар зиндагиям ҳастанд", — мегӯяд Меҳрона.

Озмуни "Ту беҳтаринӣ!" ва орзӯҳои Меҳрона

Меҳрона орзӯ дорад овозхони пешакор шавад. Вай ҳамакнун ҳунарҷӯи Ҳунаркадаи мусиқии Душанбе аст. Ӯ дар озмуни "Ту беҳтаринӣ!" ширкат дорад то худро бисанҷад ва пирӯзӣ ба даст оварад. Вай мегӯяд, ки дар ин муддате, ки дар Маскав тамрину ҳунарнамоӣ мекунаду омода мешавад бо бархе аз довталабон дӯст шудааст.

"Мо дар озмуни "Ту беҳтаринӣ!" "дастае" ташкил кардаем. Ман бисёре аз довталабонро дӯст медорам ва барои ҳар кадомашон пирӯзӣ орзӯ мекунам. Бисёре аз онҳо овозхонҳои тавоное ҳастанд, вале озмун шароите дорад, ки бархе мегузаранд ва бархе намегузаранд. Ин маврид воқеъан ғамангез аст. Ман аз омӯзгороне, ки бо мо кор мекунанд, бисёр сипосгузор ҳастам, ки бисёр донистаниҳоро бароямон омӯзондаанд", — мегӯяд Меҳрона.

Тоҷикистонро дар озмуни "Ту беҳтаринӣ!" Меҳрона намояндагӣ мекунад

Ӯ меафзояд, ки рақобат дар ин озмун бисёр сахт аст ва на ҳар довталабе метавонад аз он бигзарад, аз ин рӯ барои бархе аз довталабон дилнигарон ҳам ҳаст. Аммо худаш парвое надорад, на дар тамринҳо ва на ҳангоми ҳунарнамоӣ ҳаяҷонзада ва ё ошуфтаву нигарон намешавад.

"Ман тавонмандиҳоямро медонам ва ин огоҳӣ имкон медиҳад, ки ман пеш биравам. Агар ҳам ба давриниҳоӣ нарасам, чандон нороҳат нахоҳам шуд. Ширкат дар чунин озмуне худ пирӯзӣ аст", — бовармандона мегӯяд Меҳрона.

Вай хонаашро бисёр пазмон шудааст. Дар Душанбе хешовандону дӯстону дӯстписараш чашм ба роҳаш ҳастанд. Ӯ аз ҳама касоне, ки пуштибониву дастгирияш мекунад, сипосгузор аст, вале кӯшиш мекунад накӯҳишу сарзаиншҳоеро, ки бархе дар шабакаҳои иҷтимоъӣ аз ӯ мекунанд, нодида бигирад.

"Ҳамеша касоне пайдо мешаванд, ки аз дигарон хушашон намеояд. Вале ин далел намешавад, ки мо аз роҳамон пас гардем. Ман ба ҳар ҳадафе, ки бихоҳам, мерасам", — мегӯяд Меҳрона қотеъона.

Озмуни байналмилалии овозхонии "Ту беҳтаринӣ!" ӯро ёд дода, ки ҳунар биёмӯзад ва ҳунарашро намоиш диҳад. Меҳрона ба даври дувуми ин озмун роҳ ёфта ва барои роҳёбӣ ба даври дигар бо намояндагоне аз Арманистон, Алония (Иристони Ҷанубӣ), Белорус, Қазоқистон, Латвия, Молдова, Озарбойҷон, Олмон ва Русия рақобат мекунад.

Тоҷикистон нахустин бор аст, ки дар озмуни "Ту беҳтаринӣ!" ширкат мекунад. Ин озмунро бунгоҳи хабариву родюии Sputnik ва шабакаи телевизюнии НТВ баргузор мекунанд. Аз Меҳрона дар ин озмун метавон бо роҳи раъй доданд дар раъйгирии онлайн пуштибонӣ кард.