Самимонатарин табрикот: Эмомалӣ Раҳмон Владимир Путинро табрик гуфт

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони кишвардори Русия Владимир Путин номаи шодбошӣ ирсол кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 мар- Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон Владимир Путинро барои бори дигар ба маснади президентӣ интихоб шуданаш табрик гуфтааст.

Дар номаи шодбошии раисҷумҳури Тоҷикистон омадааст: "Муҳтарам Владимир Владимирович. Дар иртибот ба пирӯзиатон дар интихоботи навбатии Президенти Федератсияи Россия хоҳишмандам самимонатарин табрикоти ин ҷонибро қабул фармоед.

Владимир Путин дар интихоботи раисҷумҳури Русия овоз дод

Интихоби дубораи Шумо ба ин маснади олии давлатӣ нишонаи возеҳи аз ҷониби ҷомеаи Россия пурра дастгирӣ ёфтани сиёсати Шумо, ки ба таҷдиду таъмини рушди босубот ва таъмини амнияти кафолатноки Россияи дӯст, ҳамчунин таҳкими нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст, мебошад.

Дар Тоҷикистон Шуморо ба ҳайси ҷонибдори густаришу таҳкими бемайлони муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Россия мешиносанд ва ба шахсияти Шумо эҳтиром мегузоранд.

Итминон дорам, ки дар давраи пешомад мо бо саъю талошҳои муштарак ҳамкории гуногунҷанбаи кишварҳоямонро дар ҳама соҳаҳои ҳамдастӣ бо мазмуну мундариҷаи созандаи нав мутобиқ ба манфиатҳои дарозмуддати кишварҳо ва мардумонамон боз ҳам ғанитар хоҳем гардонид.

Ҷониби Тоҷикистон қотеона омода аст, ки ҳамаи имкониятҳои дар ин ҷода мавҷударо ба роҳ андозад.

Аз сидқи қалб ба Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович, сиҳатии комил, саодатмандӣ ва комёбиҳои зиёд дар фаъолияти минбаъдаатон дар маснади сермасъули роҳбари давлати Россия ва ба мардуми дӯсти Россияи бузург сулҳу амонӣ ва пешрафт орзумандам".