ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Владимир Путин бо касби 76,7% овозҳо дар интихоботи президентии соли 2018 пирӯз шуд.
Ба гузориши Комиссияи марказии интихоботи Русия, дар мақоми дувум номзади Ҳизби коммунист Павел Грудинин бо 11,9 дарсад овоз, раҳбари ҳизби либерал-демократ Владимир Жириновский бо 5,8 дарсад дар ҷои савум ва номзади "Ташаббуси шаҳрвандӣ" Ксения Собчак бо 1,6 дарсад дар мақоми чаҳорум истодаанд.
Чаҳор номзади дигар — Григорий Явлинский, Сергей Бабурин, Максим Суракин ва Борис Титов ҳамагӣ якдарсадӣ ва ё камтар раъй ба даст оварданд.
Интихоботи раисҷумҳури Русия дар дигар кишварҳои хориҷ аз ҷумла дар Тоҷикистон низ баргузор шуд.
Дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон шаш ҳавзаи интихоботӣ кушода шуда буд, дуто дар Душанбе, якто дар Хуҷанд, дуто дар Қурғонтеппа ва якто дар Норак, ки он ҷо маҷмааи низомӣ-кайҳонии "Окно" насб карда шуда аст.