Сипос ба Раҳмону Мирзиёев: миннатдории тоҷикону узбакҳо барои бозкушоии гузаргоҳҳо

Шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон кишвардорони ду давлатро барои бозкушоии гузаргоҳҳо сипос мегӯянд
Sputnik

Пас аз чандин солҳои дурӣ тоҷикону узбакҳо ба ҳам омаданд ва ин якдилиро аз шарофати кишвардорони Узбакистону Тоҷикистон мебинанд.

"Ба раисҷумҳурамон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев барои бозкушоии гузаргоҳҳо ва осон кардани зиндагии ду халқ сидқан изҳори сипос менамоям", — гуфт сокини шаҳри Конибодом Абдураҳмон Турсунов.

Шодии беҳадди тоҷикону узбакҳо: зиндагӣ дар Конибодом пас аз боз шудани марзҳо

"Мо 15 сол боз бо хешовандонамон ҳамдигарро надида будем. Ташаккури зиёд, ки роҳро барои мо боз карданд. Ин шодии бузург аст", — мегӯяд бо табассум сокини шаҳри Конибодом Фарида Қарабоева.

"Пеш мо имкон надоштем, ки ба кишвари ҳамсоя сафар кунем. Акнун ба шарофати кишвардоронамон мо бе чуну чаро метавонем ба кишвари ҳамсоя сафар кунем", — мегӯяд Насимбек Собиров сокини ноҳияи Бешариқи Узбакистон.

"Сипоси бепоён ба раисҷумҳурамон Шавкат Мирзиёев. Ҳамчунин ташаккур ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Мо аз кушодашавии гузаргоҳҳо беандоза шодем. Бигзор  роҳҳо то охир ҳамин тавр боз бимонанд, то мо битавонем бе мушкилӣ ба кишвари ҳамсоя сафар кунем", — мегӯяд шаҳрванди Узбакистон Насиба Олимова.

Ба ҳамин монанд ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон бахусус сокинони маҳаллҳои марзӣ аз Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев сипосгузорӣ  мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки 9 март дар раванди сафари давлатии раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ду кишвар Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи рафтуомади бе раводид ба муддати то 30 рӯзро имзо карда буданд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 14-уми март ин созишномаро барои баррасӣ ва тасвиб ба Маҷлис фиристод. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, "созишнома аз рӯзи гирифтани огоҳиномаҳои хаттӣ дар мавриди иҷро шудани расмиёти дохилидавлатӣ эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунад".

КДАМ ҶТ гуфт бо кадом санадҳо ва аз кадом гузаргоҳҳо метавон ба Узбакистон сафар кард

Аммо раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ҳамон бо судури як фармон рафтуомади бераводиди шаҳрвандони Тоҷикистонро ба қаламрави кишвараш иҷозат дод. Фармони Мирзиёев имрӯз, 16-уми март иҷроӣ мешавад.

Дар ин фармон ба мақомоти Узбекистон дастур шудааст, ки муқаррароти созишномаи дуҷонибаро бо Тоҷикистон ба таври истисноӣ, яъне то замони тасвибаш дар маҷлисҳои қонунгузори ҳар ду кишвар, ба иҷро дароранд.

Аз имрӯз миёни Тоҷикистон ва Узбакистон метавон бе раводид рафту омад кард.

Шаҳрвандони Тоҷикистон барои сафар ба Узбакистон бояд санадҳои зеринро дошта бошанд: шиносномаи дипломатии ҶТ (намунаи биометрӣ), шиносномаи дипломатӣ (дорои эътибор то 1 феврали соли 2022), шиносномаи хидматии ҶТ (намунаи биометрӣ), шиносномаи хориҷии шаҳрванди ҶТ (намунаи биометрӣ), шиносномаи хориҷии ҶТ (дорои эътибор то 1 феврали соли 2022), гувоҳиномаи бозгашт ба Тоҷикистон.