ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Се ширкати гаштпардози тоҷикӣ барои нахустин бор дар Намоишгоҳи байналмилалии санъати гардишгарии MITT ширкат карданд, ки 13 – 15 март дар пойтахти Русия баргузор шуд.
Ин муносибтарин фурсат барои ширкатҳои гаштпардозу гардишгарии тоҷик буд, ки дар Соли рушди гардишгарӣ тавоноиҳову диданиҳои ҷаҳонгардии Тоҷикистонро ба русиён ва меҳмонони Русия намоиш бидиҳанд.
Дар ин намоишгоҳ, ки густараи фарохеро дар бар мегирад, Тоҷикистон ғурфае начандон бузург дорад. Далелаш ин аст, ки ҳарчанд Кумитаи рушди гардишгарии давлати Тоҷикистон аз ширкатҳои гаштпардоз пуштибонӣ карда, вале ширкаташон дар ин намоишгоҳ ибтикори шахсии мудиронашон буда ва ҳазинаҳоро низ бештар худашон пардохтаанд.
Ин бунгоҳҳо ният доранд, ки дар намоишгоҳи оянда низ ширкат кунанд ва аз ҳамин акнун такопӯ доранд, ки ғурфаи бузургтаре иҷора бигиранд то муштарии бештареро ба Тоҷикистон ҷалб кунанд, ҳарчанд имсол ҳам чандон кам наовардаанд.
Аз Афғонистон то осоишгоҳҳо
Ҷолиб аст, ки ҳар кадоме аз ин се ширкат се гуна аз саргармиву тафреҳро ба муштариён пешниҳод мекунад, ки барои хориҷиён бисёр хушоянд ҳастанд: яке аз онҳо хатаргардӣ (гунае аз гардишгарӣ, ки дар он эҳтимоли хатар вуҷуд дорад), дигаре осоишгоҳӣ ва севум торихӣ-фарҳангӣ аст.
Агар меҳмоне бисёр хоста бошад дар дашту даману кӯҳу кӯҳсор бигардад ва ҳамзамон бо гашту гузор хатарҳоеро низ аз сар бигзаронад, ки хунашро ба ҷӯш биёранд, ширкати Badakhshan Travel, ки дар шаҳри Хоруғ ҷой дорад, дар хидматаш аст.
Ин бунгоҳи гаштпардоз барои ҷаҳонгардони саргузаштҷӯ гаштҳое иборат аз рӯдгардӣ ё рафтинг дар рӯди Панҷ, шикори ғажгову ғурм дар Помир ва ҷипсаворӣ дар роҳҳои кӯҳистонӣ, кӯҳнавардӣ ва кӯҳгардиро пешниҳод мекунад. Вале ин ширкат як гашти бисёр шигифтовар ҳам дорад, ки сафар ба Афғонистон аст.
Ин кишвар дар миёни ҷаҳонгардон чандон маъруф нест. дар ин кишвар 17 сол боз давлат бо Толибон ҷанг дорад ва ҳар рӯз аз он хабаре аз амалиёти теруристӣ ва гаравгонгирӣ дар расонаҳои ҷаҳон пахш мешавад.
Вале мудири Badakhshan Travel Шакар Қадамшоев мегӯяд, ки сафар ба ин кишвар ҳамроҳ бо раҳнамоҳои кордон ва боздид аз рустоҳо ҳеч хатаре надорад.
"Дуруст аст, ки камобеш хатар эҳсос мешавад, вале дар воқеъ, ҳар гардишгаре, ки он кишвар рафтаву баргашта, мегӯяд, ки худро дар Афғонистон ҳамон андоза дар амният эҳсос карда, ки дар Тоҷикистон эҳсос мекард. Тоҷикони он сӯи рӯди Панҷ низ чун ҳамтаборони инсӯияшон меҳмоннавоз ҳастанд ва хушҳол мешаванд аз хориҷиҳо дар хонаашон пазироӣ ва мизбонӣ кунанд", — мегӯяд Қадамшоев.
Идеи роҳандозии гаштҳо ба Афғонистон худ ба пои хеш назди ӯ омадааст. Боре, хонуми русе аз ӯ хостааст, ки дар сафар ба Кобул ӯро ҳамроҳӣ кунад. Пас аз он ки ин сафари билқувва пурхатар ба хубиву хушӣ пушти сар шуд, Шакар қарор дод, ки ингуна сафарҳоро дар чорчӯби гаштҳо роҳандозӣ кунад.
Вай корашро соли 2000-ум оғоз кард. Дар оғоз чандон муштарӣ ҳам надошт, вале дере нагузашт, ки анбӯҳе аз гардишгарони урупӣ ба Хоруғ сарозер шуд. Олмониҳо, фаронсавиҳо, инглисҳо мехостанд ба Афғонистон сафар кунанд. Имрӯз чунин гаште 600 – 700 дулор дар ҳафта ҳазина дорад, ки аз дидгоҳи даромадҳои урупоиён барои чунин тафреҳу гардишгарӣ рақаме нест.
Ба ҷуз саргузаштҷӯӣ дар Тоҷикистон метавон худро дармон низ кард. Агар гардишгар нахоста бошад дил ба кӯҳсору Афғонистон бизанад, метавонад бо хаёли роҳат дар яке аз 12 осоишгоҳҳои Тоҷикистон, ки дар як ширкати "Осоишгоҳҳои Тоҷикистон" муттаҳид шудаанд, тафреҳу дармон кунад.
Ин осоишгоҳҳо бархе аз замони шуравӣ боз мондаанд ва бархе тоза сохта шудаанд, аз ин рӯ нархи хадамоташон ҳам бо якдигар тафовут дорад.
Намояндаи ширкати "Осоишгоҳҳои Тоҷикистон" Илҳом Дадобоев мегӯяд, ки гардишгар метавонад бо 40 – 50 дулор утоқи хуберо иҷора кунад. Ин нарх субҳонаву наҳору шом ва дармонро ҳам дар бар мегирад.
Дар бисёре аз ин осоишгоҳҳо муштариёнро обдармонӣ мекунанд, яъне бо истифода аз об, бавижа истеъмоли хориҷӣ ва ғайрихӯрокии он, ихтилолоти гуногунро дармон мекунанд. Ҳамзамон бо обдармонӣ муштариён метавонад табиъатгардӣ ҳам кунанд ва дар пуштаву кӯҳу рӯду кӯлҳо гардиш кунанд.
Табиъатгардӣ ва палав
Боре, бисёре аз гардишгароне, ки ба Тоҷикистон сафар мекунанд, маъмулан мехоҳанд ҳам дар кӯҳҳо гардиш кунанд ва ҳам диданиҳои торихиву фарҳангир бибинанд ва ҳам шабро дар меҳмонхонаи роҳате бигзаронанд.
Чунин хадамотеро якчанд ширкат дар Тоҷикистон пешниҳод мекунанд, ки яке аз онҳо "Роҳат Тур" аст. Ин ширкат новгоне аз автобусҳои гаштбар ва меҳмонсароҳо дар саросари Тоҷикистон дорад, ки имконаш медиҳад чунин гаштҳоро баргузор кунад.
"Тоҷикистон аз рӯзҳои офтобӣ, кӯҳҳои осмонбӯс ва масирҳои ҷолиб барои табиъатгардон бархӯрдор аст. Ин омилҳо хориҷиёнеро ҷалб мекунанд, ки мехоҳанд дар табиъати дастнахӯрда гардиш кунанд", — гуфт дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон мудири "Роҳат Тур" Умед Абдураҳмонов.
Гардишгарон метавонад якчанд гаштро интихоб кунанд, ки ҳам боздид аз ёдгориҳои торихиву меъмориро дар бар дорад, ҳам табиъатгардӣ ва ҳам ошноӣ бо расму ойинҳои мардумиро.
Барномаи ин гаштҳо стандартӣ, вале бисёр ҷаззоб аст. Яке аз ин ҷаззобиятҳо боздид аз чойхонае дар ҳар кадом аз шаҳру рустоҳо аст. Касоне, ки як бор аз кишварҳои Осиёи марказӣ боздид кардаанд, медонанд, ки чойу палаву меваву тарабор ва гуфтугӯҳо бар сари дасторхон худ гаште ҷудогона – гардишгарии хорборӣ ниёз доранд.
Ёдоварӣ мекунем, ки бино бар додаҳои Кумитаи рушди гардишгарӣ, порсол 430 922 гардишгар аз Тоҷикистон боздид кардааст, ки 25,4 дарсад бештар аз соли 2016 аст.
Чанде пеш дар Олмон дар Намоишгоҳи байналмилалии ҷаҳонгардии Берлин — 2018 вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз беҳтарин масирҳо барои гардишгарӣ шинохта шуд.