Шавкат Мирзиёев: мо орзуи мардумамонро амалӣ кардем

Раисиҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев сафари расмии худро ба Тоҷикистон таърихӣ номида, аҳамияти ҳалли масъалаи марзӣ ва кушодани гузаргоҳҳоро бавижа таъкид намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 мар- Sputnik. Пас аз сафари худ ба Тоҷикистон, раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев аз Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани фазои хуби корие, ки ба танзими муносибатҳои байни ду кишвар мусоидат кард, арзи сипос намуд.

"Аҷдодони мо дар як замин зиндагӣ мекарданд, аз як чашма об менӯшиданду китф ба китф гузошта, якҷоя тамоми душворӣ ва озмоишҳоро паси сар мекарданд. Ин сафарро метавон таърихӣ номид, зеро мо он корҳоеро ба анҷом расонидем, ки халқҳо ва аҷдодонамон дар бораашон орзу мекарданд — яъне зиндагӣ кардан дар сулҳу осоиштагӣ", —гуфт Шавкат Мирзиёев.

Сипосгузории мардуми Суғд аз Эмомалӣ Раҳмон

Вай илова кард, ки дар байни 27 санади дуҷониба, ки дар Душанбе ба имзо расидаанд, муҳимтаринашон шартнома дар бораи қисматҳои марзи давлатӣ мебошад.

"Ҳоло мо дар бораи мӯҳлати 30 рӯзаи будубоши шаҳрвандони кишварҳоямон ҳамоҳангӣ кардаем, вале ин танҳо оғози роҳи душвор аст, сипас мо ҳама чизҳоро ба назар мегирему таҳлил мекунем. Аммо ин муваффақият аст. Шумо агар ба чашмони пур аз ашки одамоне, ки ба гузаргоҳҳои кушодашудаи марз омада буданд, менигаристед, худатон дарк мекардед… Бисёре аз онҳо 25-30 сол боз, хешу табори худро надида буданд ва акнун метавонанд озодона ба хонаҳои якдигар раванд", - таъкид кард роҳбари Узбакистон.

Ба гуфти Мирзиёев, новобаста аз он, ки гуфтушунидҳо осон набуданд, ҳоло масъалаҳои мубрам намондаанд.

Раисиҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев сафари расмии дурӯзаи худро  ба Тоҷикистон ба анҷом расонид. Таи ду рӯз Мирзиёев бо раисиҷумҳур ва нахуствазири Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қохир Расулзода мулоқот карда, дар консерти "Шоми дӯстӣ" дар шаҳри Душанбе иштирок кард.

Ин нахустин сафари расмии Мирзиёев ба Тоҷикистон, пас аз сафари раисиҷумҳури пешини Узбакистон Ислом Каримов ба Душанбе буд.