Зуҳуров: Сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон сафҳаи наверо дар торихамон боз кард

Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар дувумин рӯз аз сафари давлатии худ ба Тоҷикистон бо раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров дидор кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Раиси Маҷлиси намояндагони ҶТ Шукурҷон Зуҳуров дар дидор бо Шавкат Мирзиёев гуфт, ки сафари давлатии вай ба Душанбе дар равобити ду кишвар сафҳаи навро боз кард.

Ба гузориши равобити умумии Маҷлиси намояндагон, Зуҳуров дар ин дидор таъкид кард, ки тарафҳо дар кулли масоъил ҳамфикрии худро нишон доданд, бавижа, паймон дар мавриди марзҳои давлатӣ ва тавофуқ дар мавриди рафтуомади бе раводиди шаҳрвандон пояҳои дӯстии ду кишвар ва мардуми онҳоро устувортар хоҳад кард.

Бозкушоии гузаргоҳҳои марзии роҳоҳанӣ ва худравгузар, бунёди Шурои соҳибкорон низ аз натиҷаҳои амалии ин ҳамкорӣ дониста шудаанд.

Сомонаи ВУХ Узбакистон ба забони тоҷикӣ хабар нашр мекунад

Шавкат Мирзиёев ва Шукурҷон Зуҳуров дар ин дидор масоили тасвиби санадҳои имзошуда ва тақвияти иртибототи миёни маҷлисҳои қонунгузори ду кишварро низ баррасӣ карданд.

Дар ин дидор ҳамчунин бар зарурати фаъолсозии Коргурӯҳи дӯстӣ дар маҷлисҳои қонунгузории ду кишвар ва сафарҳои мутақобилаву табодули таҷруба таъкид шуд.