ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik, Рубен Гарсия. Ҳукумати Афғонистон омода аст, ки ҷангҷӯёни оштипазири “Толибон”-ро шаҳрванди Ҷумҳурии Исломӣ гардонад.
Чанде пеш раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар ҳамоиши байналмилалии “раванди Кобул” эълом карда, ки ҳукумати Афғонистон ба ҷангҷӯёни "Толибон" ва хонаводаҳояшон шиноснома хоҳад дод. Вай афзуд, ки хостори роҳандозии гуфтушунид миёни давлат ва мухолифинаш аст. Раҳбари Афғонистон ваъда дод, ки амнияти фармондеҳони саҳроии “Толибон”-ро фароҳам карда ва таҳримҳо бар сарону роҳбарони ин ҷунбишро бознигарӣ хоҳад кард.
Аммо касе аз ин ваъдаҳо тааҷҷуб накард: ҳам Ғанӣ ва ҳам Карзай на як бору ду бор ба “Толибон” пешниҳод дода буданд, ки ҷунбишашонро қонунӣ гардонанд ва онро расман нерӯи сиёсӣ бишносанд, на созмони ҳаросафкану тундрав.
Аммо имрӯз раисҷумҳури Афғонистон бештар аз пеш далел дорад, ки бо “Тлибон” оштӣ биҷӯяд, аммо ҷангҷӯён низ бештар аз пештар далел доранд, ки суханҳояшро бовар накунанд ва ин пешниҳодро ҳам ҳилаву найранг бишуморанд.
“Ба назари ман, ин пешниҳодҳо ҷиддӣ нестанд ва пайомаде ҳам нахоҳанд дошт. Ашраф Ғанӣ пеш аз ин ҳам 7 – 8 бор гуфта буд, ки “Толибон”-ро бояд расман нерӯи сиёсӣ шинохт. Вале ин пешниҳодҳо бепосух мемонанд”, — мегӯяд дар ин бора Андрей Серенко, коршиноси масоили амниятии Бунгоҳи пажӯҳиши масоили Афғонистон дар Русия.
Ин коршинос пешниҳодҳои раисҷумҳур Ғаниро ба дархости оштии Леополд аз мушҳо монанд мекунад, ки дар он филми тасвирии маъруфи шуравӣ мегуфт “бачаҳо, биёед дӯстона зиндагӣ кунем”. Вай мегӯяд, ин пешниҳодҳо манзуре ҷуз вонамуд кардани сулҳҷӯиву оштихоҳии Кобул надоранд.
Аммо дар воқеъ Ғании амалгаро хуб медонист, ки мухотабонаш суханҳояшро ношунида хоҳанд гирифт. Зеро “Толибон” ҳукумати марказии Кобулро дастнишондаи Амрико мешуморад ва мегӯяд, ки омода аст мустақиман бо Вашингтон гуфтугӯ кунад. Ҷангҷӯён ин мавқеъашонро чанде пеш бо “муроҷиат ба мардуми Амрико” собит карда буданд.
Ҳамзамон масъулини Амрико дар Афғонистон ошкоро аз Ғанӣ пуштибонӣ мекунанд ва омода ҳастанд миёнҷии гуфтугӯҳои давлат ва ҷангҷӯён бошанд. Вале рӯбарӯ бо теруристҳо гуфтугӯ нахоҳанд кард.
Худ раисҷумҳур низ то чанд моҳ пеш чунин мавзеъгирии оштихоҳона надошт.
“Раисҷумҳур дар паи амалиёти теруристие, ки ҷангҷӯён дар Кобул ва дигар шаҳру вилоёт анҷом додаву садҳо касро куштаву захмӣ карда буданд, гуфта буд, ки ҳечгуна гуфтугӯ бо касоне, ки мардуми худро мекушанд, имконпазир нест. Аз ин рӯ, акнун, танҳо чанд ҳафта пас аз он гуфтаҳо ин суханҳояшро танҳо чун ташрифоте барои баён кардан дар ҳамоиш бояд шумурду бас”, — тавзеҳ дод Серенко.
Дар наздиктарин рӯзҳо аз гуфтугӯҳои сулҳ дар Афғонистон хабаре нахоҳад буд. Давлат имрӯзҳо барои пас задани ҳамлаи баҳории “Толибон” омода мешавад ва ин омодагӣ бисёр ҷиддӣ аст. Ҳампаймонҳои амрикоии Кобул нерӯҳои эҳтиётиашонро аз Ироқ ба Афғонистон мебаранд ва рӯз мешуморанд, ки “Толибон” кай ҳамлаву ҳуҷумашонро оғоз хоҳанд кард, на ин ки дидору гуфтугӯҳои дипломатӣ бо онҳо дошта бошанд.
Аз дигар сӯ, суханҳои Ғаниро метавон сиёсати ҷудоиандозӣ дар миёни “Толибон” дар остонаи ҳамлаҳои баҳории он созмон шумурд.
“Ғанӣ дар воқеъ метавонад бархе аз ҷангҷӯёнро шиносномадор кунад. Ин воқеъият аст. Вале бояд донист, ки ин амр ҷанбае намоишӣ хоҳад дошт ва бунёдин нест, зеро чандсад касе бештар шиноснома дарёфт нахоҳанд кард. Аз ин рӯ, аз эҳтимол дур нест, ки бархе аз гурӯҳҳо ба далоиле аз ин имкон истифода баранд” – мегӯяд Андрей Верхотуров, коршиноси масоили Афғонистон.
Ташаннуҷи эҳтимолии авзоъ дар Афғонистон барои Тоҷикистон ба ин маъно аст, ки бояд марзашро бо ин кишвар таҳким кунад. Агар нерӯҳои давлатии Афғонистон ва амрикоиён битавонанд имсол ҷангҷӯёнро шикаст бидиҳанд, “Толибон” ночор хоҳад шуд, ки дар канораҳои рӯди Панҷ паноҳгоҳ биҷӯяд, ки хатарест барои Тоҷикистон.
Дар ин миён натоиҷи амалиёти низомӣ дар Афғонистон чи пайомадҳое барои тоҷикони он кишвар хоҳанд дошт? Дар паи ин амалиёти раҳбарони тоҷикони Афғонистон ё имтиёзҳое дар гуфтугӯ бо Кобул ба даст хоҳанд овард ва ё нуфузи сиёсии худро камобеш аз даст хоҳанд дод.
Ёдоварӣ мекунем, ки Ғанӣ аз дер боз мехоҳад волиёни бархе аз вилоятҳоро барканор кунад ва баҳонааш ин аст, ки гӯё онҳо беш аз ҳадд ихтиёр ва нерӯи низомӣ доранд, ки монеъ аз мубориза бо фасод ва ислоҳи низоми кишвардорӣ мешавад.
Ҳамзамон ҳукуматҳои маҳаллӣ аз кӯшишҳои барҳам задани созиши ноустувор миёни марказ ва минтақаҳо мегӯянд ва худро пуштибони аслии Афғонистон дар баробари таҳдидҳои теруристҳо мешуморанд.
Чунончи, дар поёни соли 2017 Ғанӣ хост волии Балх Атомуҳаммад Нурро аз симаташ барканор кунад. Аммо вай аз дастури Кобул сар печид ва раисҷумҳурро муттаҳам ба шикастани созишҳои пешин кард.
Аз ин рӯ, агар дар паи ҳамлаҳои баҳории ҷангҷӯён нерӯҳои давлати битавонанд “Толибон”-ро камобеш шикаст бидиҳанд, Ашраф Ғанӣ далеле ба даст хоҳад овард, ки бигӯяд дигар ниёзе ба ин волии саркаш надорад то марзу бумашро аз душман нигаҳбонӣ ва посдорӣ кунад.
Аммо агар нерӯҳои давлатӣ натавонанд “Толибон”-ро замингир кунанд, Кобул чорае ҷуз пазируфтани ин воқеъият надорад, ки бе пуштибонӣ ва ҳамкории раҳбарони тоҷик дар мубориза бо теруризм коре аз пеш нахоҳад бурд.