Авфи тоҷики 17 сол маҳкумшуда ба зиндон дар Узбакистон

Сулаймон Буриев, ки ба 17 соли зиндон дар Узбакистон маҳкум шуда буд ба хешовандонаш хабар додааст, ки ҳукумати Тошканд ӯро авф карда ва то ҷашни Наврӯз ба хона боз мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Ҳукумати Узбакистон чӯпони тоҷикро, ки ба ҳабдаҳ соли зиндон дар Узбакистон маҳкум шуда буд, озод кард, хабар медиҳад оҷонсии Тоҷик.ТА.

"Сокини ноҳияи Панҷиканд, Сулаймон Буриев, ки дар Узбакистон ба 17 соли зиндон маҳкум шуда буд, ба хешовандонаш хабар додааст, ки ҳукумати Узбакистон ӯро авф карда ва дар остонаи ҷашни Наврӯз Буриев ба назди аҳли оилааш бар мегардад",-омадааст дар хабарнома.

Беш аз сад ҳунармандони Узбакистон ба Душанбе омаданд

Қайд мешавад, ки Буриев барои убури ғайриқонунии марзи давлатии Узбакистон ба 17 соли маҳбас маҳкум шуда будааст.

Баътар додгоҳ муҳлати адои ҷазояшро то ҳафт сол кам кардааст.

Ба гуфти хешовандонаш ӯ бояд се соли дигар паси панҷара мемонд, вале ҳукумати Узбакистон ӯро дар остонаи ҷашни Наврӯз авф кардааст.

Пештар хабар дода шуд, ки Юсуф Рузимуродов, хабарнигори пешини рӯзномаи "Эрк" 19 сол бо айби фаъолияти зиддидавлатӣ дар зиндон буд, ба озодӣ баромад.

Рузимуродов бо хоҳиши Узбакистон 15 марти соли 1999 дар шаҳри Киев боздошт шудааст.

Дар Узбакистон ӯро ба 15 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум карданд. Соли 2014 муҳлати зиндони ӯро се соли дигар тамдид карданд.