Жээнбеков дастур дод марзбандӣ бо Тоҷикистонро зудтар анҷом диҳанд

Раисҷумҳур Сооронбой Жээнбеков дастур додааст, ки марзбандӣ миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳарчи зудтар анҷом дода шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Ба гузориши дафтари иттилоърасонии раисҷумҳури Қирғизистон, Сооронбай Жээнбеков ба масъулин дастур дода, ки умури таъйин ва аломатгузории марз миёни Қирғизистон ва Тоҷикистонро ҳарчи зудтар анҷом диҳанд.

Бино ба ин гузориш, Сороонбой Жээнбеков имрӯз, 5 март бо раиси Хадамоти марзбонии Қирғизистон Уларбек Шаршеев ва намояндаи вижаи ҳукумати он кишвар дар умури марзбандӣ Қурбонбой Искандаров мулоқот кардааст.

“Дар ин мулоқот вазъ дар марз ва раванди беҳинасозии посгоҳҳои марзӣ ва гузаргоҳҳо баррасӣ шуд. Раисҷумҳур Соорбонбай Жээнбеков дастур дод, ки ҳама тадбирҳо барои зудтар анҷом додани умури марзбандӣ миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон ва қисматҳои боқимондаи марзи Қирғизистону Узбакистон андешида шаванд”, — гуфта мешавад дар ин гузориш.

Аҳдномаи марзии Тоҷикистону Узбакистон барои имзо омода шуд

Дар марз миёни Қирғизистон ва Узбакистон камобеш 20 қитъае боз монда, ки аломатгузорӣ нашудаанд. Ин қитъаҳо барои ҳар ду кишвар аҳамияти бисёр муҳим доранд. Ин қитъаҳо муҳаватаи обанбори Андиҷон ва ду рустои узбакнишин дар Қирғизистон ҳастанд.

Қирғизистон бо Тоҷикистон ҳамакнун бар сари 70 қитъа аз марз мухолифат дорад.

Жээнбеков дастур додааст, ки раванди таҳкимияти марз бо Тоҷикистонро суръат бахшанд

Раисиҷумҳури Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков дастур додааст, ки тамоми тадбирҳо дар робита ба суръат бахшидани раванди таҳкимияти марзи Қирғизистону Тоҷикистон ва қисматҳои боқимондаи он, андешида шаванд.

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков дастур додааст, ки ба корҳои раванди таҳкимияти марзи Қирғизистону Тоҷикистон ва қисматҳои боқимондаи он, суръат бахшида шавад, иттиллоъ медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Рӯзи душанбе Жээнбеков бо раиси Хадамоти марзии Қирғизистон Уларбек Шаршеев ва намояндаи махсуси ҳукумат доир ба тахтити марз Курбанбай Искандаров мулоқот намуд.

“Вазъият дар марзи давлатӣ ва анҷоми корҳои такмилии нуқтаҳои назоратӣ-гузаргоҳӣ баррасӣ шуд. Раисиҷумҳур Соорбонбай Жээнбеков дастур дод, ки тамоми тадбирҳо дар робита ба раванди корҳои тахтити марзи Қирғизистону Тоҷикистон ва қисматҳои боқимондаи марзи Қирғизистону Ӯзбакистон, андешида шаванд.

Қирғизистон дар марз бо Ӯзбакистон қариб 20 қисмати номатлуб дорад, ки барои ҳар ду кишвар аҳамияти ниҳоят муҳим доранд. Аз он ҷумла, ин масоҳати наздимарзии обанбори Андиҷон ва ду қитъаи ӯзбакнишини Қирғизистон мебошанд. Бо Тоҷикистон бошад, ҷумҳурӣ дар робита ба тақрибан 70 қитъаи замин мувофиқат намекунад.