Ҷазои бевафо: духтаре ҷияни маъшуқашро барои рад кардани издивоҷ бо вай дуздид

Ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбакистон муяссар шуд, ки духтараки 8-соларо пайдо кунанд ва дар нисбати арӯси дузд парвандаи ҷиноӣ боз кунанд. Тибқи қонунгузории Узбакистон барои рабудани кӯдак то 10 сол ҳукми зиндон пешбинӣ карда мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Дар Тошканд духтаре ҷияни маъшуқашро барои рад кардани издивоҷ бо вай дуздидааст, хабар медиҳад нашрияи Uznews.

Ин ҷуфт ҳамеша бо ҳамдигар вомехӯрдаанд, вале ҷавон барои издивоҷ ҳанӯз омода набудааст ва ҳама гуна иртиботро бо дӯстдухтараш қатъ кардааст. Бо ҳадафи қасдгирӣ арӯсшаванда духтарчаи 8-соларо аз муассисаи таълимӣ дуздидааст.

Ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбакистон муяссар гардид, ки духтарчаро ёбанду дар нисбати арӯси дузд- духтари 18-сола аз рӯи м. 137 қ. 2 КҶ Узбакистон парвандаи ҷиноӣ  боз кунанд.

Қотили “ошиқ”-и духтар дар Исфара 9 сол ҳукми зиндон гирифт

Дар кишвар одамрабоёнро аз 5 сол то 10 соли зиндон интизор аст.

Қаблан иттиллоъ дода шуда буд, ки дар Узбакистон домод аз арӯсро  барои ҷиҳози кам даст кашид. 

Мард гуфт, ки ӯ аз арӯс ҷиҳози бештареро интизор буд, зеро оилаи онҳо хеле сарватманд аст.

"Ман фикр мекардам, ки онҳо сарупоро аз матоъҳои қиматбаҳои туркӣ ҷамъоварӣ мекунанд, вале ӯ чизҳои арзонеро аз бозори Ғиждувон харида овардааст. Оилаи онҳо хеле сарватманд аст ва ман ҷиҳози хуберо интизор будам", гуфт буд ҷавон.