Дар Самарқанд ба хотири дӯстии тоҷикону узбакҳо муҷассама мегузоранд

Муҷассамаи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ минбаъд дар шаҳри Саимарқанд дар боғи истироҳативу фароғатии бо номи Навоӣ қомат хоҳад барафрохт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Дар Самарқанд ба хотири дӯстии ду халқ — тоҷикону узбакҳо муҷассама гузошта мешавад, хабар медиҳад рӯзномаи "Самаркандский вестник".

Бино бар иттилои манбаъ, дар кӯчаҳои Амир Темур ва Абдураҳмони Ҷомии Самарқанд корҳои тандисгузорӣ ба ду мутафаккир-Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ ба маром идома дорад.

Тавре муовини ҳокими Самарқанд Бобур Элмуродов гуфтааст, шаҳрдорӣ ба нақша гирифтааст, ки корҳои тандисгузориро то 5 март  ба анҷом расонад.
Ба гуфтаи ташаббускорон, муҷассамаи ду мутафаккир  на танҳо боғи фароғатии ба номи Алишери Навоиро оро медиҳад, балки нишонае аз дӯстии бисёрасраи ду халқи ба ҳам бародар мебошад. Муҷассамаи Ҷомӣ ва Навоиро ҳамчунин  нишонае аз рушди муносибатҳои байни тоҷикон ва узбакон гуфтанд.

Як қадами дигаре то дӯстӣ: Мирзиёев ҳунарнамоии Ҷӯрабек Муродовро васф кард

Манбаъ ёдрас мешавад, ки муаллифони муҷассамае, ки аз санги сурх сохта шудааст, ду ҳайкалтароши машҳури узбакистонӣ Ҳокимхоҷа Ҳусниддинхоҷаев (1928-1986) ва Владимиир Лунев (1936-1993) мебошанд.

Ин муҷассама дар аввал дар соли 1970 дар наздикии майдони Регистон гузошта шуда буд. Пас аз он муҷассамаро ба чорроҳаи кӯчаҳои Дагбитская ва Регисттонская бурданд.  Соли 2009 муҷассамаи Ҷомӣ ва Навоӣ аз кӯчаҳои Самарқанд "ғайб" зад.

Чанде пеш хабар дода шуд, рӯзҳои сафари кории раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон муайян шуд. Ҳамин тавр Шавкат Мирзиёев дар аввали моҳи март ба сафари дурӯза ба Тоҷикистон хоҳад омад.

Пештар хабар дода шуд, ки Узбакистон роҳи оҳанеро, ки дар соли 2012 худ бар канда буд, бозсозӣ мекунад. Шохаи роҳи оҳани Ғалаба — Амузанг ҷануби Тоҷикистонро бо кишварҳои хориҷа пайваст мекард.

Интизор меравад, ки ин қитъаи роҳ то сафари раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон бозсозӣ карда шавад. Ҳамчунин, Ҳукумати Узбакистон гуфтааст, ба нақша гирифтааст, ки Тошканд ва Душанберо низ бо роҳи оҳан пайваст кунад.

Ҳамчунин расонаҳои Тоҷикистон хабар доданд, ки деворе ки байни шаҳри Панҷиканд ва Самарқанд машҳур ба девори Ислом Каримов  бардошта шуд.