Китобҳои Эмомалӣ Раҳмонро ба дипломатҳои Озарбойҷон намоиш доданд

Бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон дар Омӯзишгоҳи Олии ҳарбии ба номи Ҳайдар Алиев, чорабинии идона бахшида ба 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон баргузор гардидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар чорабинӣ раиси гуруҳи дӯстии байнипарлумонии Озарбойҷону Тоҷикистон Айдин Мирзазаде ширкта кардааст.

Ҳамчунин вакилони Парлумони Озарбойҷон, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон, Вазорати мудофиа, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ВАО-и кишвар, роҳбарияти Омӯзишгоҳи Олии ҳарбии ба номи Ҳайдар Алиев, инчунин донишҷӯёни тоҷике, ки дар омӯзишгоҳи мазкур ба таҳсил мекунанд иштирок ва суханронӣ намудаанд.

Ҳунарнамоии ситораҳои тоҷик бахшида ба Рӯзи артиш дар "Кохи Борбад"

Зимни суханронӣ сафири Тоҷикистон Рустам Солӣ дар бораи таърихи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар давраи душвори таърихии ташаккулёбии давлатдории тоҷикон ва ҷанги шаҳрвандӣ нақл кардааст.

Вай махсусан аз нақши таърихии Эмомалӣ Раҳмон дар ташкили қувваҳои мусаллаҳи кишвар, ҳамчун кафили сулҳу субот дар Тоҷикистон ёдоварӣ кардааст.

Дар фароянди чорабинӣ дар Маркази мазкур гушаи Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, ки дар он китобҳои Эмомалӣ Раҳмон, асарҳои илмӣ-таърихӣ бахшида ба фаъолияти пурсамари Президенти Тоҷикситон, инчунин китобҳо дар бораи дастовардҳои ҷумҳурӣ дар солҳои истиқлолият, таърих ва фарҳанги Тоҷикистон ҷой дода шудаанд.