ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Палатаи саноат ва савдои Узбакистон нақшаи ҷидиди ҳамкориро бо доираҳои тиҷории кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Тоҷикистон омода мекунад.
Дар ин бора раиси Палатаи саноат ва савдои Узбакистон Адҳам Икромов хабар додааст.
"Мо пешниҳод кардем, ки Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистон-Узбакистон ташкил дода шавад. Масалан 15 кас аз Узбакистон ва 15 нафар аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ, доираҳои тиҷории Тоҷикистон интихоб шаванд. Нахустин нишасти ин Шӯрои дар Тоҷикистон баргузор мешавад", — гуфт Адҳам Икромов дар суҳбат бо Sputnik Узбакистон.
Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки тарафҳо ба наздикӣ ба маблағи 15-20 миллион доллар шартнома имзо хоҳанд кард. Ин қарордодҳо ҳангоми сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон имзо хоҳанд шуд.
Ёдоварӣ мекунем, ки нахустин сафари давлатии раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев моҳи марти соли 2018 дар назар аст.
Суҳбати пурраи раиси Палатаи саноат ва савдои Узбактистонро дар шакли овозӣ гӯш кунед.