Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони дастгоҳи раисҷумҳур хона тақдим кард

Имрӯз бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе бинои 12 - ошёна иборат аз се қисм барои 200 оилаи хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла 40 оилаи кормандони низомӣ мавриди истифода қарор дода шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 фев— Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳур, бинои мазкур аз се қисм, қисмати А, Б ва В иборат буда, дорои таҳхона ва 12 ошёна мебошад.

Дар сохтмони иншооти мазкур 54 миллион сомонӣ сарф шуда, бинои истиқоматӣ тибқи талаботи меъмориву шаҳрсозӣ бунёд шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон Маркази идоракунии Қувваҳои мусаллаҳро ифтитоҳ кард

Фармоишгари бинои мазкур Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии дастгоҳи раисҷумҳур буда, корҳои сохтмониро коргарону мутахассисони Корхонаи воҳиди таъмиру сохтмони идораи дастгоҳи раисҷумҳур дар муҳлати пешбинишуда, бо сифати баланд сохта ба анҷом расониданд.

Тарҳи сохтмони иншооти мазкур аз ҷониби Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи "Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашиву ҷустуҷӯии САНИИОСП" омода шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон зимни ошноӣ бо шароити бино ва сифати корҳои анҷомшуда баҳои баланд дода ва аз сокинони хуштолеъ — кормандони ниҳодҳои гуногуни давлатӣ даъват кардааст, ки ба ватан — модар содиқона хизмат намоянд.

Манзилҳои истиқоматӣ дар маҷмуъ ба кормандони дастгоҳи раисҷумҳур, сохторҳои қудратии мамлакат, вазорату идораҳо ва Кумитаҳо тақдим карда шудааст.

Ба истифода додани бинои истиқоматӣ барои 200 оилаи хизматчиёни давлатӣ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе 21.02.2018