Латукуби мактабхон аз тарафи омӯзгор ба навор афтод

Дар наворе, ки аз ҷониби шоҳидони ин ҳодиса нашр шудааст, дида мешавад, ки чӣ гуна як омӯзгор мактабхони синфи болоиро аз дасташ медораду, ба ӯ чанд зарба мезанад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Дар яке аз муассисаҳои таълимии Узбакистон, омӯзгор мактабхонро дар синф латукуб кардааст, —  хабар медиҳад портали UzNews.

Дар наворе ки аз ҷониби шоҳидони ин ҳодиса нашр шудааст, дида мешавад, ки чӣ гуна як омӯзгор мактабхони синфи болоиро аз дасташ дошта, ба вай чанд зарба мезанад.

Қайд карда мешавад, ки рӯзноманигори нашриёт ба Вазорати таълими Узбакистон муроҷиат намудааст. Аммо дар айни замон, яке аз намояндагони ниҳод иттиллоъ дода, ки алъон ягон маълумот дар бораи ин ҳодиса дар даст надорад.

Мудири мактаб ҳангоми дарёфти пора дастгир шуд

Ҳамчунин, мусоҳибамон ваъда дод, ки пас аз ошкор кардани ҳолатҳои ҳодиса, изҳороти расмӣ хоҳад дод.

Пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ занозании омӯзгору хонанда дар яке аз мактабҳои Душанбе пайдо шуда буд. Хонандаи собиқ сабти занозаниии рухдода дар мактаби рақами 75-и пойтахтро дар Интернет гузошта буд.  

Пас аз пайдоиши видеонавори занозанӣ, ки дар байни омӯзгор ва хонандаи синфи 11 рух додааст, дар Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ кумисиюни вижае барои тадқиқи ин ҳодиса таъсис дода шуда буд.

Барои вайрон кардани қоидаҳо дар рафти иҷрои вазифаҳои расмӣ, аз ҷониби Департаменти таълим ба омӯзгор танбеҳ дода шуда буд.