Раисҷумҳур қарори таҳсили панҷрӯза дар мактабҳоро имзо кард

Ташаббускорон бар онанд, ки чунин навъи таҳсил, сарбории донишомӯзонро камтар мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 фев— Sputnik. Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков қарор дар бораи гузариши мактабҳо аз фаъолияти шашрӯза ба панҷрӯзаро имзо кард.

Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуотии раисҷумҳур хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки вакилони Жогорку Кенеш 10 январи соли 2018 қонунро дар ин робита қабул кардаанд.

Эссе барои хатмкунандагони мактабҳои Тоҷикистон ҳатмӣ шуд

Ба гуфти ташаббускорон, чунин навъи таҳсил, сарбории донишомӯзонро камтар мекунаду, омӯзгорон як рӯзи дигари истироҳатӣ мегиранд.

Қарор аст, ки дар ҳамаи мактабҳои кишвар, новобаста аз шакли моликият аз 1 сентябри соли 2018 фаъолияти панҷрӯза ҷорӣ шавад.

Дар Тоҷикистон ҳамаи муассисаҳои таълимӣ аз рӯи барномаи пешин, яъне таҳсили шашрӯза фаъолият мекунанд.

Пештар хабар дода шуд, ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз фасодзадатарин ниҳоди кишвар шинохта шудааст.

Муовини аввали раиси ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, Абдукарим Зарифзода қайд кардааст, ки расман ниҳод ягон муаллимеро ҳангоми ситонидани пора дастгир накардааст.

Танҳо 70 ҳолате ворид шудаанд, ки онро намояндагони Вазорати маориф дар қисми илованависӣ ҳангоми сохтмон, додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дар бораи таҳсил, сохтакории ҳуҷҷатҳо содир карда буданд.