"Юсуфи гумгашта": Марям аз Ироқ бори дигар ба наздиконаш паём фиристод

Марям дар паём аз аҳволи бибӣ ва хонаводаи модараш пурсон мешавад. Ин кӯдаки тоҷик хоҳиш мекунад, тағояш, ки Саид ном доштааст, бо вай иртибот гирад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Корбарони Фейсбук навореро мунташир карда, аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон кумак хостаанд.

Дар наворе, дониста нест кай ва дар куҷо сабт шудааст, Марям ном кӯдаки тоҷике ба бибиаш муроҷиат карда, аҳволпурсӣ мекунад.

"Алло, бибӣ нағзед, созед? Саломатиҳотон хуб аст? Аммаам, тағоям чӣ хеланд? Тағои Саидам чӣ хел аст? Ба ҳамин телефон рақами тағоии Саидамро биёред. Яке агар биёянд ман мехоҳам қати тағоии Саидам гап занам", — мегӯяд Марям.

Марям: танҳо ду бародари модарамро мешиносам, ки яке дар Сурия ва дигаре дар Душанбе аст

Ёдовар мешавем, ки ин навраси тоҷик чанд моҳ пеш, вақте ки бо хабарнигори "Russia today" ба забони русӣ мусоҳиба дошт, гуфта буд дар Миср таваллуд шудааст ва касеро аз наздикони модараш шинохта наметавонад.

Аммо медонад, ки ду тағо дорад ва номи яке аз онҳо Маъруф ва номи дигаре Саид аст.

Ба гуфтаи Марям, Маъруф дар Душанбе аст ва Саид дар Сурия будаааст.

Ҳарчанд вай дар ин паёмаш аз бибиаш хоҳиш мекунад, ки "ба ин телефон рақамҳои тағои Саидашро фиристанд", маълум нест, ки Марям дар бораи кадом телефон мегӯяд ва куллан чӣ мехоҳад.

Сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Умарҷон Эмомалӣ дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, то ҳол ҳувияти Марям шиносоӣ нашудааст.

"Бале, мо наворро дидем. Барои мо як чиз номуайян аст. Аз сабти ин навор чӣ мехоста бошанд. Маълум аст, ки ин духтар забони тоҷикиро хуб медонад. Пас барои чӣ дар бораи наздиконаш дар Душанбе маълумоти пуррае намедиҳад", — мегӯяд вай.

Ба гуфтаи Умарҷон Эмомалӣ, ВУД санҷиши ин наворро анҷом дода истодааст ва аз рӯзноманигорни байналмилалӣ барои муайян кардани ҳувияти Марям кӯмак мехоҳад.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар муайян кардани ҳувияти ин духтар аз Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон кӯмак хостаанд.

"Агар мо худро миллати муттаҳид ва ягона шуморем, мо бояд ин наворро бе аҳамият нагузорем! Ҳоло ки Марямро ба фарзандӣ напазируфтаанд, бояд наздикони ӯро дар Тоҷикистон пайдо кард ва ба воситаи ВУХ ба Ватан баргардонем", — омадааст дар паёми корбарон.

Ин гуна муроҷиатҳоро корбарони "Вконтакте" низ навиштаанд. Бештари корбарон ҳангоми тавзеҳи ҳодиса ба эҳсосот дода шудаанд.

"Албатта боиси таассуф аст, ки Марям волидонашро аз даст додааст. Аммо дар ин ҷо як масъала норӯшан аст — волидони вай вақте, ки ба Сурия мерафтанд, чӣ фикре дар сар доштанд?", — навиштааст яке аз корбарон.

Пештар, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки ба наздикӣ Тоҷикистон чор кӯдаки бесарпаноҳашро, ки дар кӯдакистони Ироқ қарор доранд, ба Ватан бар мегардонад.

Ба гуфтаи сухангӯи ВУД, шахсият ва ҳуввияти Оиша ва додарону хоҳаронаш дар Тоҷикистон пас аз он шинохта шуд, ки шабакаи телевизионии "Russia Today" дар бораи онҳо гузориш дод.

Манбаъ афзуд, вазорат якҷоя бо ВУХ тамоми санадҳои лозимаро ҷобаҷо кардааст.

"Он тарафи кор аз ҷониби Ироқ низ вобаста аст, барои ҳамин дақиқ гуфта наметавонам, ки онҳо кай ба Тоҷикистон бар гардонида мешаванд",- қайд карда буд вай.