Сарвазири Қирғизистон камарбанди сиёҳ ва дани ҳафтуми теквондоро дарёфт кард

Нахуствазири Қирғизистон Сапар Исаков барои саҳми бузург дар рушди теквондо дар он кишвар дараҷаи устодӣ ва камарбанди сиёҳу дани ҳафтуми ин ҳунари размиро дарёфт кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Дабири кулли “Бунёди ҷаҳонии сипоҳи теквондо” Шин До Юн нахуствазири Қирғизистон Сапар Исаковро бо дараҷаи устодӣ ва дани ҳафтуми теквондо сарфароз карда ва камарбанди сиёҳро бар камараш баст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ҳукумати Қирғизистон.

Шин До Юн барои ширкат дар мусобиқоти Ҷоми теквондои нахуствазирии Қирғизистон ба Бишкек сафар кардааст.

“Барои саҳми бузург дар рушди теквондо дар Ҷумҳурии Қирғизистон, нахуствазири кишвар Сапар Исаков ба дараҷаи устодӣ, камарбанди сиёҳ ва дани ҳафтуми ин ҳунари размӣ сарфароз гардид”, — гуфта мешавад дар гузориши хадамоти матбуотӣ.

Шин До Юн аз нахуствазир Исаков барои густарондани ин ҳунари варзишӣ сипосгузорӣ кард ва таъкид дошт, ки имрӯзҳо дар он кишвар довталабони бисёре аз “Бунёди ҷаҳонии сипоҳи теквондо” кор мекунанд, ки ҳадаф доранд “варзишкоронеро тарбия кунанд, ки битавонанд дар мусобиқаҳо муназзам ширкат карда ва пирӯз шаванд”.

"Теквондо барои таҳкими тарбияти назму инзибот, тандурустӣ ва рушди маънавии насли наврас мусоидат мекунад. Ин ҳунари размии шарқӣ худ як намуд фалсафаест, ки метавонад бо вижагиҳои ҳар кишваре ҳамоҳанг шавад. Теквондо бисёр касонро дар саросари ҷаҳон муттаҳид месозад. Бо дар назардоштани ин вижагӣ, мехоҳам ба Шумо барои саъйу кӯшишҳоятон дар ҷодаи таблиғи ин навъи варзиш дар кулли олам изҳори миннатдорӣ баён намоям”, — гуфт Исаков.

Сарвазир ёддовар шуд, ки барномаи кории дафтари ӯ таҳтии унвони «Чил қадам», ки тадбирҳои таъхирнопазири рушди кишварро дар бар мегирад, дар робита ба рушди варзиш, шуғли ҷавонон ва таблиғи тарзи ҳаёти солим диққати махсус медиҳад.

Соли 2013, ҳангоми сафари раисиҷумҳури вақти Қирғизистон Алмазбек Атамбаев ба Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ, ба ӯ камарбанд ва дипломи фахрии дани нӯҳуми ин ҳунари размии куреӣ сарфароз шуда буд.