Имдодрасонӣ дар марз: нахустин протоколи Тоҷикистону Афғонистон имзо шуд

Тоҷикистону Афғонистон нахустин Протокол оид ба таҳкими ҳамкориҳои наздимарзӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда миёни Афғонистон ва Тоҷикистонро имзо карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода рӯзи 17 феврал хабар медиҳад, ки ҳайъати Афғонистон бо сарварии мудири кулли Оҷонси Афғонистон оид ба идораи хатарҳо ҷаноби Муҳаммад Аслам Саяс барои дидору муоқот ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷкистон омад.

Ин дидор дар доираи нахустин мулоқоти дуҷониба оид ба идораи хатарҳо, таҳкими ҳамкориҳои наздисарҳадӣ ҷиҳати омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ва Агентии миллии Афғонистон сурат гирифтааст.

Тоҷикистон ва Афғонистон барои коҳиши хатари балоҳои табиӣ ҳамкорӣ мекунанд

Ҳадафи аслии чорабинии баргузоршуда таҳкими ҳамкориҳо дар самти пешгирии офатҳои табиӣ, ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ, бартарафсозии оқибатҳои онҳо дар қаламрави ду кишвар буд.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, Рустам Назарзода меҳмононро бо сохтор ва вазифаҳои КҲФ, тадбирҳои густариши ҳамкориҳо бо идораҳои ҳамсони кишварҳои хориҷӣ, ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ ошно намудааст.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои минбаъда барарсӣ шуданд.

"Дар ҷамъбасти вохӯрӣ ҷонибиҳои Протоколи  мулоқоти дуҷониба оид ба таҳкими ҳамкориҳои наздимарзӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда миёни Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро имзо карданд", —омадааст дар хабарнома.  

Ҷонибҳо қайд карданд, ки протоколи мазкур барои рушди ҳамкориҳои минбаъда дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ равона шудааст.

 "Имзои Протоколи мулоқот ин марҳилаи муҳим дар татбиқи амалҳои муштараки идораҳои наҷоти ду кишвар дар самти ҳимояи аҳолӣ ва қаламрав аз ҳолатҳои фавқулодда ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад",- гуфт ҷаноби Муҳаммад Аслан Саяс зимни суханронии худ.

Имзои ҳуҷҷати мазкур ба баланд бардоштани сифати табодули ахбор мусоидат карда имкон хоҳад дод бо талошҳои муштарак ба ҳолатҳои фавқулодда зуд ва самаранок вокуниш нишон дода шавад, ҳамчунин дар ҳолатҳои зарурӣ барои бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва рӯйдодҳои дигари вобаста ба он ёрӣ расонида шавад.