Бонки Ҷаҳонӣ дар ислоҳи низоми бонкии Тоҷикистон ба БМТ ёрӣ медиҳад

Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ барномаи кумаки фаннӣ барои рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистонро таҳия мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Роҳу равишҳои ислоҳи низоми бонкии Тоҷикистон дар дидори муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо гурӯҳи намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ ба роҳбарии коршиноси аршади Бонки Ҷаҳонӣ дар масоили бахши хусусӣ Саид Ахтар Маҳмуд барраӣ шуданд.

Бонки Ҷаҳонӣ нуқоти заъфи бонкҳои Тоҷикистонро нишон дод

Ба гузориши равобити умумии БМТ, Сироҷиддин Икромӣ дар ин дидор меҳмононро бо вазъи иқтисоди кишвар ва бозори дохилии арз ошно карда ва чораҳои БМТ барои ислоҳот дар низоми бонкии Тоҷикистонро боз гуфт.

Саид Ахтар Маҳмуд низ гуфт, ки ҳадаф аз ин мулоқот таҳияи барномаи нави кӯмаки фаннӣ барои рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон аст.

Вай афзуд, ки ин барнома бо таваҷҷуҳ ба таҳлили барномаҳои давлатӣ ва тақсимоти захираҳое, ки ба рушди бахши хусусӣ мусоидат мекунанд, омода шуда ва дар ҳамкорӣ бо намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ислоҳоти сохторӣ ва меъёрӣ дар бахши бонкдорӣ амалӣ мешавад.