Лолабегим Мемоншоева қаҳрамони муштзании Маскав шуд

Варзишкори тоҷик Лолабегим Мемоншоева дар қаҳрамонии муштзании Маскав дар вазни то 70 кг мақоми аввалро аз худ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Дар ин бора падари Лолабегим дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Ҳафтае пеш дар мактаби захираҳои олимпии рақами 41-и Маскав қаҳрамонии муштзанӣ миёни занон оғоз шуд.

Лолабегим Мемоншоева аз Сербистон бо медали нуқра баргашт

Дар ин сабқат духтарон ва занони соли таваллудашон 1978-1999, 2000-2001, 2002-2003 ва 2004-2005 ширкат мекунанд.

Муштзани тоҷик Лолабегим Мемоншоева дар вазни то 70 кг рақибони худро шикаст дода, мақоми аввалро ба даст оварду миёни муштзанони солҳои таваллуди 2002-2003 қаҳрамони  Маскав шинохта шуд.

"Ростӣ ман хуш надорам, ки духтар ба варзиш машғул шавад, вале замоне дидам, ки Лолабегим дар воқеъ ин навъи варзишро дӯст медораду қобииляти хуб дорад, ман дигар бо ӯ розӣ шудам", — гуфт Мемоншо, падари Лолабегим дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Лолабегим Мемоншоева заняла первое место на чемпионате Москвы по боксу

Лолабегим Мемоншоева 30 октябри соли 2002 дар шаҳри Маскав ба дунё омадааст.

Ӯ тарбиятгирандаи мактаби варзишии захираҳои олимпии рақами 41-и Маскав мебошад. Дар оянда Лолабегим мехоҳад пулис шавад.

Пештар хабар дода шуд, ки муштзани тоҷик Лолабегим Мемоншоева, ки дар ҳайъати дастаи муштзанони Русия дар сабқати байнулмилаллӣ ширкат кард, соҳиби медали нуқра гардид.