ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik, Шер Алиев. Бо фурӯ пошидани Иттиҳоди Шуравӣ “пардаи оҳанин” ҳам аз миён фурӯ афтод ва мардум кам-кам ба хориҷ аз кишварашон рафтан гирифтанду акнун кам касе ёфт мешавад, ки як бор дар умраш хориҷа нарафта бошад.
Аммо ин ҷаҳонгардӣ, бавижа сафар ба кишварҳои сармоядор ва дидани фаровонӣ дар бозору фурӯшгоҳҳои онҳо, гардишгаронеро, ки ҳануз ҷаҳонро ба чашми сусиёлистӣ менигаристанд, буҳтзада мекард ва онҳо инони ихтиёрро аз даст дода чунон рафтор мекарданд, ки барои “ҳомо советикус” ё “инсони шуравӣ” обрӯрезӣ буд.
Набояд шарм дошт, балки ифтихор бояд кард
Дар чунон замоне ман боре меҳмони зиёфате ба муносибати бар гаштани яке аз донишмандони тоҷик аз сафари Мумбай будам. Дар ин зиёфат ҳама донишманду донишпажӯҳ буданд: чунончи, мизбон худ дуктурои улум ва профессор буд ва меҳмононаш академикҳову аъзои вобаставу пайвастаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, чойрезу хӯрокбиёрон ҳам номзадҳои улум ва донишёрон буданд.
Маро, ки он замон аспирант будам, ба ин зиёфат барое даъват карда буданд, ки телевизор ва видеомагнитофонеро, ки он “мусофири диёри Ҳинд” бо худ оварда буд, васлу имтиҳон кунам. Ман ҳам машғул ба ин кор будам ва нохоста саргузашти профессор дар Ҳиндро аз забони худаш мешунидам.
Яке аз достонҳои ин “сафарнома” гӯшамро “сахт харошид”, ки мегуфт дар шаҳре бозоре рафта будаву фурӯшандаҳо то ӯро дидаанд фарёд кашидаанд “Soviet! Soviet!”, яъне “шуравӣ” шуравӣ!”, вале ӯ ҷиддан ва қотеъона посух додааст: “No, I am Turkish!”, яъне “На, ман турк ҳастам!”
Меҳмононро аз ин “худшиносонии” мусофир бисёр хуш омад ва ӯро бо ҳаёҳӯй офарин гуфтанд, вале ман аз худ пурсидам, ки чаро турку на тоҷик? Хуб, агар аз шуравӣ будан шармат меояд, чаро худро тоҷик нагуфтӣ? Ёдоварӣ мекунам, ки он замон “тоҷик” бо “гастарбайтер” инҳамон набуд.
Вале ҳамин акнун ҳам, ки афкори умум дар бораи тоҷик бар пояи намоишакҳои бемуҳтавову фурӯмояи телевизюнӣ сурат мегирад, ман тоҷик буданамро пинҳон намекунам. Бале, ман тоҷик ҳастам ва ба тоҷик буданам ифтихор мекунам.
Бархе аз ватандӯстони дуоташа бо шунидани чунин сухане Фирдавсиву “Шоҳнома”-ашро ба ёд меоранду дигар шоирону адибон, аз ҷумла Абуалӣ ибни Сино ва дигаронро пеш мекашанд. Худ боре шоҳид будам, ки яке дар баҳсе ин далелро оварда буд: “Замоне, ки Рӯдакии мо шеър мегуфт, аз Пушкини шумо хабаре дар ҷаҳон набуд!”. Ман чунин далоилро ҳамоқате беш намедонам. Ин муҳим нест, ки кадом бузургворе кай зиндагӣ карда, муҳим ин аст, ки номаш дар ёдҳо ҷовидон мондааст.
Тоҷикистоне, ки ман ба он ифтихор мекунам
Ман худ ба ҳамшаҳриҳоям ифтихор мекунам, зеро ки ба меҳмоннавозӣ дар ҷаҳон ном баровардаанд. То ҷорӣ шудани Қонуни танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон, ҳар раҳгузаре метавонист меҳмони ҳар ҷашну суре шавад ва дар сӯгу мотам бо дигарон ҳамдард бошад.
Ман ба заҳматкашии ҳаммеҳанонам ифтихор мекунам. Бале, дуруст аст, ки якуним милюн тоҷикистонӣ хориҷ аз кишвар аст, вале онҳо дар хориҷ кор мекунанду музд мегиранд, гадоӣ намекунанд-ку! Шояд онҳо забонҳои хориҷиро надонанд, вале забони ҳалол кор кардану ҳалол хӯрданро бисёр хуб медонанд.
Ман ба варзишкоронамон, бавижа таэквондокоронамон ифтихор мекунам, ки 20 сол боз дар қаҳрамониҳои ҷаҳонӣ медурахшанд. Лоф намезанам, балки омори Федеросюни байналмилалии таэквондоро гуфтовард мекунам, ки 56 тан аз қаҳрамонҳои ҷаҳон дар ин ришта аз Тоҷикистон ҳастанд! Муҳкамтар аз ин далел мехоҳед?
Вале куллигӯӣ накунем. Оё филми “Ишқи воқеъӣ”-ро дидаед, ки дар он Ҳю Грант нақши нахуствазири Бритониёро бозӣ меунад? Дар ҷое аз филм вай мегӯяд, ки ба пои рости Бэкҳем ифтихор мекунад! Ман ҳам ифтихор мекунам, вале на ба пойҳои футболбоз, балки ба ҷӯробҳои помирӣ! Бале, ба ҳамон ҷӯробҳои пашмине, ки ба по мепӯшанд!
Ман ба лимӯҳоямон ифтихор мекунам. Беҳтар аз онҳо дар ҷаҳон нест: пӯсти нозук, бӯи ҷодуӣ ва таъми ширин. Зимнан, ин лимӯи дурагаро як олмоние рӯёнида буд, ки дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба Тоҷикистон табъид шуда буд. Лимӯи тоҷикӣ чунон хушмазза аст, ки онро мешавад бо пӯст ҳам хӯрд!
Ман ба шаҳри Душанбе менозам. Он бузург нест, вале бисёр зебост ва сол то сол зеботар мешавад. Шаҳри кӯҳна Санкт-Петербургро ба ёд меорад, зеро онро меъморони ленинградӣ бунёд карда буданд. Афзун бар ин, пойтахти Тоҷикистонро дарахтҳо сарсабзу хуррам мекунанд ва аз ин рӯ ҳавояш ҳамеша пок аст.
Ёд дорам, ки 18 сол пеш аз ин дар ҳамоише дар Ҳонгконг, ки навтарин дастовардҳои фанновариҳои мобилиро намоиш медод, ҷопоние дар бораи озмоиши ирсоли сигнали телевиззюн ба гӯшиҳои мобилӣ суханронӣ кард. Пас аз ӯ мудири нахустин ширкати хадамотрасонии мобилии Тоҷикистон ба сухангоҳ рафту телефонашро нишон дод, ки 2 шабакаи телевизюни Тоҷикистонро намоиш медод. Аз шодиву ифтихор ба ин пешрафт дар пироҳанам намегунҷидам!
Ман ба шаҳрам менозам, ба ҳаммеҳанонам ифтихор мекунам. Ман ба Тоҷикистонам ифтихор мекунам. Кишварам баландтарин кӯҳҳоро дорад, беҳтарин обу ҳаворо дорад ва саршор аз манобеъи табиъӣ аст. Ишколе надорад, ки мо имрӯз наметавонем аз ин манобеъ чунон ки бояду шояд баҳра бигирем, вале дар оянда ҳатман аз онҳо баҳра хоҳем бардошт!
Гузаштаро ҳам набояд фаромӯш кард. Вале агар беҳуда аз гузаштаамон лоф бизанему газоф бигӯем, ҳамон шалғамеро хоҳем монист, ки беҳтарин бахшаш зери хок аст.