Шартҳои буду бош: Русия ва Тоҷикистон созишномаи нави ҳамкорӣ имзо карданд

Бо дастури Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода барои имзо кардани Созишнома байни Русия ва ИДМ дар бораи шартҳои будубоши Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хавфнок дар Русия, ба Маскав сафар кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 6-уми феврали соли 2018 дар Вазорати корҳои дохилии Русия маросими баимзорасонии Созишномаи мазкур баргузор гардидааст.

Мулоқоти Раҳимзода бо Колоколтсев: аз мубориза бо терроризм то истирдод

Баимзорасонии Созишнома бо қарори роҳбарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба раиси Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳо – узви ИДМ, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва аз номи ҳукумати Русия ба вазири корҳои дохилии ин кишвар Владимир Колоколтсев вогузор гардидааст.

"Созишномаи байналмилалии мазкур мавқеи ҳуқуқии будубоши Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хавфнокро дар қаламрави Русия таҳким бахшида, ҷиҳати таъсис додани шароитҳои зарурӣ барои фаъолияти босамари он мусоидат менамояд", — омадааст дар хабарнома.

Дар ҷараёни маросим ҷонибҳо муҳимияти чорабинии мазкурро қайд намуда, масъалаҳои мубрами ҳамкориҳоро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ мавриди баррасӣ қарор додаfнд.

Манбаъ афзуда, ик дар баробари ин, ҷиҳати омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳо – узви ИДМ ва ҷаласаи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Русия ва  Тоҷикистон аҳамияти хоса зоҳир шудааст.