Рақиби дастаи "Хуҷанд" дар Ҷоми КФО-2018 муайян гардид

Бозии ҷавобии ин дастаҳо 20 феврал дар Варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон"-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, рақиби дастаи "Хуҷанд" дар Ҷоми КФО-2018 муайян гардидааст.

Бино бар иттилои манбаъ, рақиби дастае, ки дорандаи медали нуқраи Қаҳрамонии Тоҷикистон  аст, дар плей-оффи Ҷоми КФО-2018 дастаи футболи "Аҳал"-и Балканобод, дорандаи медали нуқраи Қаҳрамонии футболи Туркманистон гардид.

Бозии ҷавобии ин дастаҳо 20 феврал дар Варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон"-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ғолиби ин ҷуфт ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 роҳ ёфта, дар гурӯҳи "D" бо дастаҳои "Истиқлол"- и Тоҷикистон, "Алтин Асир"-и Туркманистон ва "Олой" —и Қирғизистон рақобат мекунад.