Аслов сафири Канадаро ба ҳамоиш даъват кард

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо сафири Канада дар Тоҷикистон Николас Бруссо дидор ва мулоқот кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 30 январ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сафири Канада дар Тоҷикистон (бо иқоматгоҳаш дар Остона) Николас Бруссоро ба ҳузур пазируфт.

Аслов бо муовини вазири умури хориҷаи Узбакистон дар чӣ бора суҳбат кард

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Канадаро матраҳ кардаанд.

Мусоҳибон ҷиҳати дарёфти роҳу василаҳои нави густариши ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Канада ҳавасмандӣ баён намуданд.

Дар ин қарина, ба зарурати истифодаи имкониятҳои фарох дар самти тавсеаи равобити иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар, алалхусус дар соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёт, коммуникатсия, кишоварзӣ, сайёҳӣ, маориф ва илм ишора карда шуд.

Вазир ҳайъати Канадаро ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони "Мубориза бар зидди терроризм ва тундгароӣ" (ш.Душанбе, 3-4 майи соли 2018) ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор", 2018-2028 (ш.Душанбе, 20-22 июни соли 2018) даъват кардааст.

Ҳамчунин дар ин дидор атрофи масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Канада дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар сурат гирифтааст.