Номаи вазири фарҳанги Тоҷикистон ба вазири Узбакистон

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба ҳамтои узбакаш Бахтиёр Сайфуллоев сипосонома фиристодааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати фарҳанги ҶТ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки 28 январ дар саҳнаи Сирки давлатии Тоҷикистон барномаи ҷамъбастии Сирки давлатии Узбакистон баргузор гардидааст.

Сирки Узбакистон дар Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад

Дар фарҷоми барнома Шамсиддин Орумбекзода аз меҳмонони узбакистонӣ сипос карда ва рушди равобити фарҳангии Тоҷикистон ва Узбакистонро сутуда, гуфтааст, ки он "аз баракати сиёсати хирадмандонаи сарони ду кишвар ба даст омадааст".

"Имрӯз ҳунари сиркӣ барои амалӣ гардонидани сиёсати дарҳои боз ҳиссаи худро гузошта истодааст", — гуфтааст Орумбекзода.

Ҳамчунин Шамсиддин Орумбекзода номаи сипос ба унвони вазири фарҳанги Узбакистон Бахтиёр Сайфуллоевро ба ҳунармандони Сирки давлатии Узбакистон супоридааст.

Дар баробари ин аз номи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба номи аҳли эҷоди Сирки давлатии Узбакистон ба мудири гурӯҳи эҷодии Сирки давлатии Узбакистон Нарзинисо Алиева, супорида шудааст.

Манбаъ афзуда, ки роҳбари Сирки давлатии Тоҷикистон Ашӯр Раҷабов ба ҳамаи 12 нафар ҳунарпешагони Сирки давлатии Ӯзбекистон, ки тӯли як моҳ дар саҳнаи Сирки давлатии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карданд, ифтихорнома супоридааст.

Инчунин ҳамаи меҳмонон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва армуғони тоҷикӣ қадр карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки барномаҳои сиркии ҳунарпешаҳои узбак аз 30 декабри соли 2017 то 29 январи соли 2018 намоиш дода шуданд.

Барнома аз намоишҳои гимнастҳо бо лассо, гимнастҳо бо халқа, дорбозҳо, намоишҳо бо ҳайвонҳои ромшуда аз қабили сагча, пони, маймунча, оҳу ва саҳнаҳои пур аз ҳазлу шӯхӣ бо масхарабозон иборат буд.