ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Сарлашкар Қосим Сулаймонӣ бо ирсоли паёме ба фармондеҳи Артиши Туркия аз Анкара хостааст амалиёташ дар Афринро бо Эрон ва Сурия ҳамоҳанг кунад.
Фармондеҳи Нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон дар ин паём гуфтааст, ки вай дар Ҳалаб аст ва пеш аз расидани Артиши Туркия ба онҷо Анкара бояд иқдомоташро бо сарлашкар Сулаймонӣ ҳамоҳанг кунад.
Пас аз ирсоли паёми сардор Сулаймонӣ, бо таваҷҷуҳ ба пешравии нерӯҳои Туркия дар сурати наздик шуданашон ба пойгоҳҳои нерӯҳои ҳампаймони Эрон, имкони бархӯрди артиши Туркия ва ин нерӯҳо вуҷуд хоҳад дошт.