Навори сӯхторе, ки ҷони чаҳор тоҷикистониро гирифт

Дар манзили баландошёнаи едар Красногорск сӯхтор ба вуқӯъ пайваст
Sputnik

Дар паи сӯхтор шаш шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳат бардошт. Аз миёни онҳо ду кас дар ҷои ҳодиса ҷон бохту ду кӯдак дар бемористон ҳалок шуданд.

Сӯхтор рӯзи якшанбе дар манзили бисёрошёнаи рақами 6 ба вуқӯъ пайвастааст.

Тибқи маълумот дар паи ин сӯхтор чаҳор кас ҷон бохтааст.

"Шаш кас ҷароҳат бардошт-ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон. Аз миёни онҳо ду кас дар ҷои ҳодиса ҷон бохту ду кӯдак дар бемористон ҳалок шуданд. Ду каси дигар дар бемористон бистарӣ шуданд", — хабар медиҳад РИА Новости.