Ҳабиб Нурмуҳаммадов аксашро бо куҳансолтарин ҳаводораш нашр кард

Варзишкори номдори Русия Ҳабиб Нурмуҳаммадов ҳафтаи гузашта ба Қирғизистон сафар кард. Падараш дар шаҳри Ӯш мастер класс гузаронид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik.  Ситораи UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар саҳифаи Instagram-и худ аксашро бо куҳансолтарин мухлисаш аз Қирғизистон мунташир кардааст.

Дар ин бора Sputnik Қирғизистон хабар додааст.

 

"Ин мухлиси куҳансолтарини ман аст. Ӯ азҚирғизистон аст. Моҳи март вай 103 сола мешавад. Худованд саломатӣ ва комёбӣ насибаш кунад", —навиштааст варзишкори мағлубнашаванда дар саҳифааш.

Дар идома гуфта шудааст, ки ин пирамарди қирғиз роҳи варзишии Ҳабибро аз соли 2012 инҷониб пайгирӣ мекунад.

Пештар хабар дода шуд, ки Ҳабиб Нурмуҳаммадов бо ҳаводоронаш дар Тоҷикистон дидор дошт.

Дар ин дидор яке аз ҳаводоронаш аз муштзан дархост кард ӯро муште бизанад то зӯри бозуяшро бисанҷад.

Нурмуҳаммадов дархостро пазируфт ва эҳтиёткорона муште ба шиками ҳаводораш зад. Ин ҳаракат чунон шитобнок буд, на дархосткунанда ва на дигар ҳаводорон ки гирдашро гирифта буданд, натавонистанд зуд вокуниш кунанд.

Нурмуҳаммадов зуд аз ҳаводораш пӯзиш хост ва ӯ низ аз варзишкор сипосгузорӣ кард.