Раисҷумҳури Қирғизистон дар оғози моҳи феврал ба Тоҷикистон хоҳад омад

Сафари Сооронбой Жээнбеков, ки дар моҳи октябри соли 2017 ба симати раисҷумҳури Қирғизистон интихоб шуда буд, нахустин дидори вай аз Тоҷикистон хоҳад буд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков рӯзҳои 1 – 2 феврал бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон хоҳад омад, иттилоъ медиҳад Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Сооронбой Жээнбеков ба Узбакистон меравад

Ба гузориши ТоҷикТА ба нақл аз манбаъе дар ҳукумати ҶТ, дар раванди сафари расмии Жээнбеков ба Душанбе масоъили ҳамкориҳои Қирғизистону Тоҷикистон дар заминаҳои иқтисод, бозаргонӣ, энержӣ, таробарӣ ва амният, иҷрои тарҳҳои минтақаӣ дар чорчӯби корёрии дусӯя ва дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

Ҳамчунин масоили таъйини марзҳо, иҷрои тарҳи CASA-1000, тавсеъаи равобити иқтисодӣ ва ҳамкории фарҳангиву башарӣ аз мавзуъҳои аслии музокироти сарони ду кишвар хоҳанд буд.

Сафари Сооронбой Жээнбеков, ки дар моҳи октябри соли 2017 ба симати раисҷумҳури Қирғизистон интихоб шуда буд, нахустин дидори вай аз Тоҷикистон хоҳад буд.