ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо такя ба мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Далер Душанбеев хабар медиҳад.
Ба иттилоъи Далер Душанбеев дар сабқат 48 хонандаи макотиби таҳсилоти умумии ноҳия ширкат карданд.
Гуфта мешавад, ки ин сабқат бо ибтикори Шуъбаи маориф ва илми ноҳияи Ишкошим дар ҳамкорӣ бо Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия баргузор шудааст.
"Ғолибони мусобиқа бо ифтихорномаи Бахши ҷавонон қадрдонӣ шуда, барои иштирок дар мусобиқаи вилоятӣ, ки рӯзҳои наздик дар шаҳри Хоруғи ВМКБ доир мегардад, роҳат гирифтанд", — омадааст дар хабарнома.
Ҳадафи аслии сабқат дарёфти истеъдодҳои нав байни мактаббачагон ва ҷалби толибилмон ба бозиҳои ақлонӣ ва мақсаднок гузаронидани таътили зимистона баргузор шудаааст.
Пештар хабар дода шуд, ки дар шаҳри Хоруғ сабқати шоҳмотбозӣ барои дарёфти Ҷоми Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Шарқ Ко" баргузор шуд.
Ҷои аввалро бо касби 7,5 хол шоҳмотбози маъруфи вилоят, ҷоизадори мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ Олуча Ҷумъаев соҳиб шуд. Мақоми дуюмро Хусрав Ҷумъаев ва ҷои сеюмро Тоҳир Мақсудшоев ишғол намуданд.