Лолабегим Мемоншоева аз Сербистон бо медали нуқра баргашт

Муштзани тоҷик Лолабегим Мемоншоева, ки дар ҳайъати дастаи муштзанони Русия дар сабқати байнулмилаллӣ ширкат кард, соҳиби медали нуқра гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дар ин бора гурӯҳи Pamir Sport дар фейсбук хабар медиҳад.

Сабқати байнулмилалии муштзанӣ миёни занҳо-"Ҷоми миллатҳо" дар Сербистон аз 9 то 15 январ баргузор шудааст.

Дар ин сабқат наздики 300 варзишкор аз сӣ кишвари дунё байни ҳам рақобат кардаанд.

Варзишкори тоҷик Лолабегим Мемоншоева дар вазни то 70 кг рақибони худро мағлуб карда соҳиби медали нуқра шудааст.

Лолабегим Мемоншоева 30 октябри соли 2002 дар шаҳри Маскав ба дунё омадааст.

Ӯ тарбиятгирандаи мактаби варзишии захираҳои олимпии рақами 41-и Маскав мебошад.