Раисҷумҳур фармуд, ки ба хонаводаҳои қурбониён кумакпулӣ бидиҳанд

Намояндагони мақомоти маҳаллӣ, шӯъбаҳои Вазорати тандурустӣ ба хонаводаҳои қурбониён кумаки маънавӣ мерасонанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев фармуд, ки ба хонаводаҳои муҳоҷироне, ик дар сӯхтори автобус дар Қазоқистон қурбон шуданд, ёрона пардохт шавад.

Миқдори кумакпулӣ муайян нашудааст.

Намояндагони мақомоти маҳаллӣ, шӯъбаҳои Вазорати тандурустӣ ба хонаводаҳои қурбониён кумаки маънавӣ мерасонанд.

Мирзиёев дар бораи далелҳои сӯхтори автобус: мо аз мардум қарзҳои зиёд дорем

Пештар Шавкат Мирзиёев яке аз сабаби қурбон шудани муҳоҷирони узбакистониро набуди ҷои кор дар Ватан гуфт.

"Ин фоҷиа дар бораи бисёр чиз мегӯяд, аз ҷумла ин ки мо ҳоло дар пеши мардум қарздорем. Мардум маҷбуранд, ки дар кишварҳои бегона ба дунболи кор бигарданд, чунки мо бари онҳо шароити заруриро фароҳам накардаем", — гуфт Шавкат Мирзиёев.

Ёдоварӣ мекунем, ки сабаби аслии сар задани сӯхтор дар автобусро коршиносон муносибати нодуруст бо оташ гуфтаанд. Гуфта мешавад, аз сабаби сардии ҳаво аввал муҳаррики автобус аз кор мондаасту мусофирон лампаи кафшерро ба сифати гармкунак истифода бурдаанд.

Гармкунак зиёда аз ду соат кор кардаасту, омехтаи бензин ва газ тамоми фазои автобусро иҳота кардааст. Дар ҳамин ҳол ногаҳон бензин рехта ва оташ тамоми автобусро фаро гирифтааст.

Субҳи 18-уми январ дар шоҳроҳи Самара-Чимкент, дар ҳудуди вилояти Октоби Қазоқистон автобуси муҳоҷирон аланга гирифт, ки дар натиҷа 52 шаҳрванди Узбакистон кушта шуданд. Танҳо панҷ тан, аз ҷумла ду ронанда тавонистанд ҷон ба саломат баранд.