Рамазон Қодиров Ғарбро муттаҳам ба нодида гирифтани “буҳрони хунин” дар Афғонистон кард

Ғарб буҳрон дар Афғонистонро нодида мегирад, вале талош дорад заношӯии ҳамҷинсгароёнро раво гардонад, гуфт раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Рамазон Қодиров дар вокуниш ба ҳамлаи ҷангҷӯён ба меҳмонхонае дар Кобул гуфт, Ғарб “буҳрони хунине”-ро, ки солҳо боз Афғонистонро фаро гирифтаву рӯз аз рӯз печидатар мешавад, нодида мегирад.

“Буҳрони хунин рӯз аз рӯз печидатар мешавад. Милюнҳо касон хонаву дару кору борашонро аз даст медиҳанд. Дар Афғонистон насле бузург шуда, ки мактабу донишгоҳро надидааст ва танҳо ҷанг карданро балад аст. Ғарб ин масъаларо нодида мегирад вале талош дорад заношӯии ҳамҷинсгароёнро раво гардонад”, — навиштааст Рамазон Қодиров дар сафҳааш дар шабакаи “ВКонтакте”.

Рамазон Қодиров: омодаам аз симатам канор бираваму Байтулмуқаддасро ҳимоя кунам

Вай афзудааст, ки созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар “шарм медоранд ба сӯи Афғонист он нигоҳе кунанд”. “Ҷангу кашокашҳои низомӣ дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояаш ин гумонро далелманд мекунанд, ки ин рухдодҳо масъунӣ ҳастанд ва ҳадаф аз онҳо ба зону дар овардани мардумони мусулмон ва кишварҳои исломӣ аст. Ба ин орзӯҳояшон ҳаргиз нахоҳанд расид!”, — гуфтааст раҳбари Чеченистон.

“Бадбахтии мардуми Афғонистон поён надорад. Афғонистон ҳамчун кишвар дигар вуҷуд надорад. Амрико ва муттаҳидонаш ҳама шароитро фароҳам сохтаанд то ин кашокаши хунин солҳо ба дарозо бикашад. Ҳалли ин буҳрон то кунун гоме ҳам пеш нарафтааст”, — афзудааст Қодиров.

Вай навишааст, ки “Вашингтон, ки Афғонистонро ишғол карда, муттааҳид шуда буд, ки ҷангро дар он кишвар ба поён расонда оромиву суботу амнияту иқтисодро дар он барқарор хоҳад кард. Аммо аз вафо ба ин аҳд хабаре нест”.

Рамазон Қодиров дар ин навишааш ҳамчунон бо хонаводаҳои қурбониён ва захмишудагон ҳамдардӣ карда ва барои Афғонистон сулҳу ваҳдат орзу кардааст.

Ёдоварӣ мекунем, ки 20 январе гурӯҳе аз ҷангҷӯён ба меҳмонхонаи “Интерконтинентал Отел” дар Кобул ҳамла бурда буд. Ба гузориши расонаҳои афғонистонӣ, дар ин ҳамла 43 кас кушта шуда ва 126 кас, аз он ҷумла 41 шаҳрванди хориҷӣ раҳо карда шудаанд. Вазорати умури дохилии Афғонистон кушта шудани 18 кас, аз ҷумла 14 хориҷиро, ки 7 тан аз онҳо укроинӣ ҳастанд, таъйид кард. Нерӯҳои амниятӣ 18 соат бо ҳамлакунандагон даргирб доштанд то тавонистанд буҳронро ҳалл кунанд. Масъулияти ҳамла ба меҳмонхонаро ҷунбиши тундрави “Толибон” бар уҳда гирифт.