Ба милисаҳои рус истироҳат дар Тоҷикистонро иҷоза доданд

Рӯйхати кишварҳое, ки милисаҳои рус метавонанд ба истироҳат бираванд, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Русия тасдиқ шуд. Ба ин феҳрист Туркманистон, Узбакистон, Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазияю дигар кишварҳо ворид шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik.  Вазорати корҳои дохилии Русия рӯйхати кишварҳоеро, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар метавонанд истироҳат кунанд, баровардааст.

Ба ин феҳрист Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбакистон, Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазия ворид шудаанд. Ҳамчунин кормандони ВКД метавонанд дар Ветнам, Куба ва Чин истироҳат кунанд.

Рӯйхати ин кишварҳо аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ ба тасвиб расидаву дар торномаи Ассосиатсияи ширкатҳои сайёҳии Русия мунташир шудааст.

"Истироҳати кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дар ин кишварҳо бехатар аст", — омадааст дар хабарнома.

Гардишгар: Тоҷикистон худ дарашро ба рӯи ҷаҳонгардон мебандад

Дар шаҳри Душанбе дар назди Кумитаи сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон нахустин Маркази иттилоотии гардишгарӣ ифтитоҳ шуд.

Сардори раёсати рушди сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳӣ  Фаридун Мирзоев дар маросими ифтитоҳи марказ ҳадаф аз таъсиси маркази иттилоотиро  ташвиқу тарғиб ва муаррифии бештари таъриху фарҳанги миллӣ ва пешниҳоди маълумоти дурусту саҳеҳ ба сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ  ва ҷалби онҳо ба кишвар гуфтааст.

Дар Марказ планшетҳо ба шабакаи интернет пайваст буда, фарогири тамоми иттилооти зарурӣ —  таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳу табобатгоҳҳо мебошад ва ба меҳмонон маълумоти саҳеҳро сари вақт пешниҳод менамояд.