ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Вазири дифоъи Эрон сартип Амир Ҳотамӣ ба Амрико ҳушдор дод, ки агар дар умури дохилии Эрон мудохила кунад, посухи қотеъ хоҳад гирифт.
"Амрикоиҳо ҳар ҷое, ки хисорате ба кишвари мо ворид карданд, посухи қотеъе гирифтанд ва ин бор ҳам ҳатман хоҳанд гирифт", — гуфтааст сартип Ҳотамӣ дар мусоҳиба бо хабаргузории "Форс".
Пеш аз ин раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ ҳам бо ишора ба ошӯби густарда дар кишвараш гуфта буд, ки Амрико товони хисоратҳои чандрӯзаро хоҳад дод.
Вазири дифоъи Эрон таъкид кардааст, ки Ҷумҳурии Исломӣ ҳамчун як кишвари мустақил ҳамвора нишон додааст, ки таҳаммули ингуна хисоротро нахоҳад дошт.
Ёдоварӣ мекунем, ки аз 28 декабр то 6 январ дар бархе аз шаҳрҳои бузурги Эрон, аз он ҷумла Теҳрон, Машҳад, Исфаҳон ва Рашт, эътирозҳои густарда рух дода буд.
Раисҷумҳури Эрон Ҳасан Руҳонӣ дар вокуниш ба он нооромиҳо гуфт, ки ин эътирозот аз мушкилоти дохилӣ дар кишвар сар зада вале бо дахолату таҳрикоти бархе аз кишварҳо густариш ёфтаанд.
Бино бар гузоришҳои мунташиршуда дар расонаҳои эронӣ, дар ин эътирозҳо камобеш 20 кас кушта шудааст.