Русия ва Амрико метавонанд дар Афғонистон ҳамкорӣ кунанд

Намояндаи доими Русия дар Созмони Милали Муттаҳид дурнамои ҳамкорӣ бо Амрико дар мавриди Афғонистонро арзёбӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Намояндаи доими Русия дар СММ Василий Небензя пас аз машварат дар Шурои амнияти СММ дар мавриди вазъ дар Афғонистон гуфт, ки Маскав ва Вашингтон метавонанд ҳамкории худ бо Кобулро ҳамоҳанг кунанд.

Вай дар вокуниш ба суханронии Ҳерберт Макмастер, мушовири аршади раисҷумҳури Амрико дар умури амнияти миллӣ, гуфт: “Дар бисёре аз маворид бо вай мувофиқ ҳастам”.

“Макмастер ба зарурати ҳамкории Русия ва Амрико дар Афғонистон ишора кард. Ин як мавзуъи сода аст ва мо метавонем дар ин замина ҳамкориро роҳандозӣ кунем”, — тавзеҳ дод Небензя.