ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Панҷ масъули ҳукуматӣ оид ба ЕАЭС дар Қирғизистон аз вазифа барканор шуданд. Дар ин бора манбаъе аз девони вазирон ба хабарнигори Sputnik Қирғизистон хабар додааст.
Нахуствазири Қирғизистон Сапар Исоқов намояндаи Қирғизистон дар ЕАЭС Санҷар Умедалиев, ки ҳамчунин муовини раҳбари дастгоҳи ҳукумат ва мудири шӯъбаи корҳои Иттиҳоди иқтисоди УруОсиё мебошад, аз вазифа озод кард.
То ин дам Исоқов ба вазири иқтисод Артем Новиков ва раҳбари Хадамоти гумрук Кубаничбек Кулматов танбеҳ дод. Ҳамчунин муовини вазири иқтисод Баккелди Туменбоев ва муовини раиси Хадамоти давлатии гумрук Замирбек Ниёзалиев танбеҳ гирифтанд.
Ҳамчунин хабар дода шуд, ки чанде аз кормандони дастгоҳи ҳукумат аз вазифаҳояшон барканор шудаанд.
Барканориҳо дар паи хатогӣ ҳангоми омодакунии тарҳи қонун "Дар бораи тасвиби созишнома дар бораи кодекси гумруки ЕАЭС" ба амал омаданд.
Ин қонун бояд дар Қирғизистон 15 январ рӯи кор меомад, вале ҳукумат бо дарёфти хатогӣ ба вакилони Жогорку Кенеш пешниҳод кард, ки онро ислоҳ карда, қонунро чун дар дигар кишварҳои узви ЕАЭС-1 январи соли 2018 ба тасвиб расонанд.
Дар рафти баррасии қонун вакилон қарор доданд, ки бояд масоили вазифадороне, ки хато кардаанд муҳокима шавад. Кумитаи ЖК оид ба муносиботи байнулмилаллӣ ба ҳукумат дар ин росто супориш доду парлумон Кодекси гумрукро қабул кард.