Пулиси рус ҷавони 20-солаи тоҷикистониро дар садама кушт

ВКД гуфта, ки шаҳрванди Тоҷикистон роҳро дар ҷои номувофиқ убур кардааст ва аз рӯи ин ҳодиса тафтишот бурда истодааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Пулисе аз Маскави Нав роҳгузарро пахш кард. Дар ин бора равобити умумии ВКД Маскав хабар медиҳад.

Ҳодиса шоми сеюми январ ба вуқӯъ пайвастааст. Гуфта мешавад, ки дар масофаи 41-километрии МКАД пулиси шуъбаи "Троитской" дар вақти озод аз вазифааш бо худрави тамғаи Mazda роҳгузар-шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистонро пахш кардааст.

Дар натиҷаи захмӣ шудан ҷавон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Садама дар Бишкек: дар роҳ ба фурудгоҳ 4 тан ҳалок шуд

Қайд мешавад, ки пулис дар ҳолати ҳушёрӣ қарор доштааст.

Пештар хабар дода шуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон дар садамаи нақлиётӣ захмӣ шуданд.

Худрав дар шоҳроҳи Советскии ноҳияи Саратов ба садама дучор шуд. Дар паи ин садама як кас ҳалоку чаҳор тани дигар захм бардошт.

Садама дар масофаи 61-километрӣ дар марзи Русия бо Қазоқистон дар Сизран ба вуқӯъ пайвастааст.

Ронандаи 28-солаи худрави тамғаи Lada Largus аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада онро чаппа кардааст.

Қайд мешавад, ки дар паи ин садама мусофирзани 38 сола аз бардошти захм ҳалок шуду, мусофирони дигар зани 30-сола, се марди аз 25 то 33 сола дар бемористон бистарӣ шуданд.